Главная » 2016 » Январь » 03

Суол дорам бидех, эй гул, чавобам,
Чаро ту медихи хар дам азобам?
Зи байни сад хазорон ошиқи зор
Чаро, эй гул, накарди интихобам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 336 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Нишот орад туро макдам, маро бар калби махзунам,
Ба дарди бедавои ман, давобахшою маъчунам,
Агар дори ба дил шафкат, кадам ранча намою бин,
Зи холи Амриддини ошик ба ёди ту чигар хунам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 369 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Ду чашми равшанам оинаи туст,
Китоби шеъри ман ганчинаи туст.
Фаромушам макун то зинда хасти,
Ки Амриддин ошики деринаи туст.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 290 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Мани танхо кучо кобам нишонат,
Ало эй дилбари зебопарастам?
Ба сар дорам хавои дидани ту,
Агарчи ман зи чабри ту шикастам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 258 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Азоби дардро танхо дили бемор медонад, 
Зиёни гусаро танхо каси гамдор медонад.
 Барои одами бегам чахон якранг метобад,
 Вале сузи гами сузон дили афгор медонад.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 382 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Намехоҳад дилам паймони дигар,
Навозиш кардани дастони дигар.
Туро хоҳам, туро то зинда бошам,
Умеди дигару армони дигар.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 296 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Бароят аз само ахтар, чу фармои фуруд орам,
На танхо гул туро хадя, бароят калби худ орам,
Ба пешвозам барои гар шавам хоки кадамхоят,
Бибусам, сад касам поят, сарамро хам сучуд орам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 330 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Катра - катра аз дилам хун мечакад,
Катрае аз чашми Амриддин мечакад.
Ман чи кардам бахри ишкат гандаги,
Ман чи дидам чуз гам андар зиндаги

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 301 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Овози хушат майли шунидан дорам,
Дидори туро хумори дидан дорам.
Эй нахли баланди меваи боғи умед,
Аз шохи ту азми мева чидан дорам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 351 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Вале афсӯс дигар аз ман садо нест,
Маро нола дигар сӯи Худо нест.
Туи гашта пушаймон рӯи қабрам,
Ба ҷони мурдаам ҳаргиз даво нест.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 346 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Ба ту сад меҳр овардам валекин,
Зи ту ман меҳрубониро надидам.
Шудам аз ишқи ту ман пиру хаста,
Дареғо, ки ҷавониро надидам

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 361 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Зи дарди ишк  дарде ман надидам.
Азоби ишк чонсуз ман кашидам.
Кашидам дард, танхо ман гиристам.
Фигони дил хамин буд сарнавиштам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 441 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Интизорам интизори хандахоят.
Гиря кардан ашк рехтан аз бароят.
Интизорам кош баргарди дубора.
Гиряи бесадо, дилам шуд пора-пора.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 425 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Ман зи дунёят меравам, дигар мачу маро.
Ман зи орзухоят меравам ,дигар мачу маро.
Гули ишкамро хазон карди, эй бевафоям.
Ман зи дунёят меравам, дигар мачу маро.
Дунёи ман дунёи шодихо буд, гамнок карди ту.
Дили ман пур аз орзухо буд, армон карди ту.
Дигар намехохам туро эй бевафо эй носазо.
Дунёи орзухоям армон гашт зи дасти ту.
Гули ишкамро хазон карди эй номехрубон.
Рафти бирав, харгиз наё, дигар намехохам туро.
Рафти бирав, кушти бикуш, дигар намехохам туро.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 381 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Нимашаб дар бистари танҳои худ,
Нола кардам аз ҷудоиҳои ту.​
Бӯят аз бистар наомад бар димоғ,
Сӯхтам аз бевафоиҳои ту.
Ту намедони азизи дури ман,
То қиёмат интизорат мешавам.
Парвариш бинмуда ишқи поки ту,
Ҷони ширин ғамгусорат мешавам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 366 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Ман ғамамро бар ту додам, то ки ғамдорам шавӣ,​
Ман диламро бар ту додам, то ки дилдорам шавӣ.
Андарин дунёи ҳасти Амриддини хастаҷон,
Шод мегардад, агар ту ҳамдаму ёраш шавӣ.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 333 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Сари танҳои худ бар болини дигар намемонам,​
Ба ғайри ту касеро ёри ҷониям намехонам.
Бубин Амриддинро зи ғам девона месозӣ,
Ки ғайри номи ту ман номи дигарро намедонам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 323 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Агар имруз пушаймони, китоби ишк мехони
Гунохатро читур бахшам, ту кадри дил намедони
Агар сад чон биспори ва е сад руд мебори
Хатоятро намешуяд, дигар дар дил намемони.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 323 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Эй ёри бехамтои дил, аз дил саломат мекунам,
Ту киблаи ишки мани, сад чон ба чонат мекунам.
Гарчанд аз мо хам дури, дар чашми мо лек нозири,
Ин хонаро равшан кунун, бо зикри номат мекунам.
Хамчун кабутар гоххо дар дасти ту пар мезанам,
Хар лахзаи умрам дигар такя ба бомат мекунам.
Дури зи ту бас мушкил аст, сад дардхое бар дил аст,
Дар зулмати шабхои тор бо суз паёмат мекунам.
Эй офтоби ишки ман, нури Уро бар ман фирист,
Ман чони худро хар замон курбони номат мекунам,
Оини дилро ман зи ту инчо саколи медихам,
Ман сад газалро бахри хар лутфу каломат мекунам.
Дар гуши ман,дар хуши ман, чуз ишки ту чизе мабод,
Ин умри бокимондаро, хадя ба чонат мекунам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 281 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Ту ёри мани ман чи кунам ёр дигаронро.
Дар олами ишқ ман чи кунам бехабаронро.
Сармояи умеди ману ишқи мани ту.
Наменигарам ғайри ту волоназаронро.
Гулдастаи ман ҳастиву ту рамзи баҳори.
Ҳаргиз накунам буй дигар лоларухонро.
Ин дил чаро майл ба дидори туро кард .
Як лаҳза биё об диҳем ташна лабонро.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 313 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Бигир аз ман ту ин дил ёдбуди,
Ки танхо лоики ин дил ту хасти.
Хазорон хостанд ин дил бигиранд,
Надодам чун азизи дил ту хасти.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 310 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Бе ишки ту холи шеър ночур бувад,
Бе хусни ту чомаам чи манфур бувад.
Харгиз натавонад рахи дилхо пуяд,
Бе чашми ту чашми шеъри ман кур бувад.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 396 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Ман дигар мафтуни чашми пуршарорат нестам,
Ман дигар он содалавҳи беқарорат нестам.
Ман саги кӯйи ту будам, сангсорам кардаӣ,
Ҳамчу  саг дигар бидон дар раҳгузорат нестам.
Гуфтамат: “Як бӯса деҳ” , гуфтӣ: “ту лоиқ нестӣ”
Ман дигар зори лабони шаҳдборат нестам.
Гуфтамат: “аз ман марав!” гуфтӣ ки: “бо ту ман хазон”
Рав, кунун ҳарҷо, ки хоҳӣ кордорат нестам.
Интизорӣ мекашидам дар раҳи ту субҳу шом,
Ман дигар дар кӯю барзан интизорат нестам.
Гар маро ту ёр пиндорӣ ба роҳи зиндагӣ,
Ман ба роҳи зиндагӣ дилдору ёрат нестам.
Ошиқон  гарчи  барои дилбарон ҷон медиҳанд,
Маъзарат, аммо дигар ман ҷоннисорат нестам.
Гарчи мехоҳӣ бидонӣ холи ёри дилфигор,
Ман ҳамон Амриддинам аммо дар канорат неста ... Давомаш »

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 529 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Хамон ошиқ, ки дорад дарди пинхон,
Хамон ошиқ, ки дорад чашми гирён.
Хамон ошиқ, ки дорад қалби бирён,
Хамон ошиқ манам, номам Амриддинчон.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 284 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Чи хам созам, азизам кахр карди,
Ба комам шахдро ту захр карди
Нихон буд ишки ман дар дил, валекин,
Чаро шармандаям бар дахр карди
Маро ишкам ба дил буд чашмаи соф,
Варо зохир ба сони бахр карди
Faми дил буд маро чуи хамуше,
Фузуну пур талотум нахр карди
Маху сол буд бароям соату руз,
Ту рузу соатамро шахр карди
Чи руз асту чи бахт аст, Амриддинро ин,
Магар ношукрие бар дахр карди.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 338 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Маро дигар набошад пою хам пар,
Бале аз чабру зулмат, эй ситамгар
Кучо сар баркашам аз ишки чонсуз,
Равам чун бар лахад пас мекашам сар.
Маро савдои ту бар сар мудом аст,
Вале бошад туро савдои дигар
Туро моил лабонат аз табассум,
Кучо хандам бигу бо дидаи тар,
Самои калби ту софу чилодор,
Маро абри сиях дар сатхи ахзар
Ту бас сайёди беинсофу берахм,
Ки барканди зи ман хам пою хам пар
Аё Амриддин гaми ишк сони захр аст,
Маро бошад, вале ширину хуштар.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 349 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Дунё агар туи обу гили туям,
Дарё агар туи ман сохили туям
Пайванду решаат, эй гул манам на хор,
Ту мугчаи агар ман хосили туям.
Гарду губори рах хам хоки пои ту,
Чони танат хаме хун дар дили туям.
Дунёи ишкро хасти чонам гар,
Асири бовафо хам соили туям
Дар ишк содикам бовар намо маро,
Мачнуну волоят, дил моили туям.
Мехрат маро ба дил, ягонаи маро,
Танхо ту аз мани, ман Амриддини туям.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 376 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Кош, хушкад руди ду рухсораю кули барам,
Суи аксат то ба кай бо чашми тар менигарам.
То сабох, чун ахли ахтар хар шабонам бекарор,
Рузро то кай ба танхои ба шаб меоварам.
Ногувору тангу торик манзилу вайронаям,
Хулд созияш зи ташрифат, вале кай, дилбарам.
Шуд сафед аз интизори бар рахат чашмони ман,
Кош мешуд хоки поят сурмаи чашми тарам.
Бо гaму танхои, Амриддин рафт умри ман дарег,
Ин хама дарди диламро ман ба гурам мебарам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 478 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Дилам хоҳад, ки шаб пешат биёям,
Ба ҳавлии ту пинҳони дароям,
Вале эҳсоси тарсу ваҳм дорам,
Ки мегирад сагат аз банди поям.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 383 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Дило хуншав, ки ёр аз дасти ман рафт,
Замону рузгор аз дасти ман рафт.
Нагуям тирамох буду хазон рехт,
Ба хор андар бахор аз дасти ман рафт.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 420 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Ту дар дунёи ман ҳастӣ, вале дунё намедонад,
Туям дарёдиле кардӣ, ягон дарё намедонад.
Ғамамро мехурӣ ҳар дам, ғаматро мехурам ман ҳам,
Чунин ғамхорагӣ дунёи бепарво намедонад.
Ман аз он ишқи пинҳоне, ки байни мост, медонам,
Ки олам инчунин ишқу таманноро намедонад.
Хатокор аст худ дунё, хатои мову ту аз ӯст,
Вале ӯ сабки ислоҳи хатоҳоро намедонад.
Миёни мо чӣ ҳасратҳо, чӣ нусратҳост, медонам,
Намедонад аз ин имрӯз, ҳам фардо намедонад.
Ману ту гар ба ҳам бошем дар дунёи серӯзӣ,
Чӣ парвое, гар ин дунё туву моро намедонад.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 384 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Ором нашуд даме дили пурсузам,
Месузам аз он,ки рафтааст дилсузам.
У рафтаву аз пасаш ману ох монда,,
Аз сузи дил аст охи оламсузам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 370 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Туро хар лахза ёд орам, маро боре ба ёд ори?
Ба дидори ту ман зорам, ту хам бар диданам зори?
Дар ин дури азизи ман ба ёди руи чун мохат,
Зи шаб то субх бедорам, ту хам бехобу бедори?
Ман ин чо интизори ту туро пазмону пазмонам,
Зи хачрат хаста абгорам, ту хам бо дидаи чори?
Ту медони азизи ман, дар ин шахри гарибона,
Гами дурии ту дорам, дар он чо ту чи гам дори?
Агарчи аз канори ту басо дурам азизи ман,
Туро хамрозу гамхорам, маро хамрозу гамхори?
Кашангу нозбардорам, ало эй нозанини ман,
Ба ту ёри вафодорам, ту хам ёри вафодори?
Ба касди ин хама гамхо, ало рагми чудоихо,
Туро ман дуст медорам, маро ту дуст медори?

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 415 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Дур ҳастӣ зи ману пеши назар меоӣ,
Бо ҳамон чеҳраи чун нури саҳар меоӣ.
Наравӣ дур ягон сония аз дидаи чор,
Ман шумурдан натавонам, чи қадар меоӣ.
Дили ман гум занад аз шарфаи пои гузарон,
Ба хаёлам, ки ту ин дам паси дар меоӣ.
Бе ту дар ҷавҳари маънӣ ҳама ҳарфам шӯр аст,
Намаки шеъри маро шаҳду шакар, меоӣ?
Нав ба қадри ту расидам, гули гумгаштаи ман,
Пеши рӯ карда маро, бори дигар меоӣ?
Ҷон агар рафт, дигар ҳеҷ нагардад вопас,
Ту, ки худ ҷони манӣ, боз магар меоӣ?

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 410 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Зи ман рафтию мехри ту дигар шуд,
Хаётам дар гами ту пушти сар шуд.
Гирифти ёри гайреро дар огуш,
Вале ёри худат хуни чигар шуд.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 499 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)

Биё як дам нишин андар канорам,
Ки бо ту бишкуфад аз нав бахорам,
Дур аз ту хастачону дилфигорам,
Даме мархам бишав бар қалби зорам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 407 | Навист: 985050789 | Руз: 03.01.2016 | Гапҳо(0)