Главная » 2016 » Январь » 3 » 985050789
16:28
985050789

Эй ёри бехамтои дил, аз дил саломат мекунам,
Ту киблаи ишки мани, сад чон ба чонат мекунам.
Гарчанд аз мо хам дури, дар чашми мо лек нозири,
Ин хонаро равшан кунун, бо зикри номат мекунам.
Хамчун кабутар гоххо дар дасти ту пар мезанам,
Хар лахзаи умрам дигар такя ба бомат мекунам.
Дури зи ту бас мушкил аст, сад дардхое бар дил аст,
Дар зулмати шабхои тор бо суз паёмат мекунам.
Эй офтоби ишки ман, нури Уро бар ман фирист,
Ман чони худро хар замон курбони номат мекунам,
Оини дилро ман зи ту инчо саколи медихам,
Ман сад газалро бахри хар лутфу каломат мекунам.
Дар гуши ман,дар хуши ман, чуз ишки ту чизе мабод,
Ин умри бокимондаро, хадя ба чонат мекунам.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 282 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]