Главная » 2016 » Январь » 3 » 985050789
16:16
985050789

Ман дигар мафтуни чашми пуршарорат нестам,
Ман дигар он содалавҳи беқарорат нестам.
Ман саги кӯйи ту будам, сангсорам кардаӣ,
Ҳамчу  саг дигар бидон дар раҳгузорат нестам.
Гуфтамат: “Як бӯса деҳ” , гуфтӣ: “ту лоиқ нестӣ”
Ман дигар зори лабони шаҳдборат нестам.
Гуфтамат: “аз ман марав!” гуфтӣ ки: “бо ту ман хазон”
Рав, кунун ҳарҷо, ки хоҳӣ кордорат нестам.
Интизорӣ мекашидам дар раҳи ту субҳу шом,
Ман дигар дар кӯю барзан интизорат нестам.
Гар маро ту ёр пиндорӣ ба роҳи зиндагӣ,
Ман ба роҳи зиндагӣ дилдору ёрат нестам.
Ошиқон  гарчи  барои дилбарон ҷон медиҳанд,
Маъзарат, аммо дигар ман ҷоннисорат нестам.
Гарчи мехоҳӣ бидонӣ холи ёри дилфигор,
Ман ҳамон Амриддинам аммо дар канорат нестам.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 529 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]