Главная » 2015 » Декабрь » 31

Чи хуш бошад,барои ман даме,ки бо ту биншинам,
Ки то сери чамоли оразатро он замон бинам.
Ба ин шабхои танхои бибурди хоб аз чашмам,
Надорам хоб дигар, акнун ба ин қалби пурафсунам.
Шаби хичрони ту он дам бирехтам ашк аз чашмам,
Ба мисли шоми бе ахтар намуди шоми гулчинам.
Хасад гар мекунад,бар ман рақибам бо хамон ишқам,
Набошад мисли ман ошиқ,на ту чонам,на хамшинам.
Ба шеърам номи покатро бидодам ч,ой хурсандам,
Ки номат сахфаи рангини ашъорам,хам оинам.
Маро гуянд:"Интизор ту як бедил дар ин дунё,"
Ман охир нестам бедил,маро ёраст хамшинам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 322 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Хайр дигар нестам ошики ту.
Нестам мафтуни чашми чодуят.
Ман дигар бовар надорам харфи ту.
Бар суханхо ваъдахо гапсозият.
Хайр бар ту ишки бехамтои ман.
Достони нотамоми зиндаги.
Гар тавони бахш манро ёри чон.
Гарчи ман бар ту накардам гандаги.
Аввали ишк буд хушбахтии мо.
Охираш то хол монда нотамом.
Меравию мешави ёри дигар.
Дар хаётам буд ишкат имтихон....****

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 315 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Эй гули зебо, бигу бар ман, ки ранчат дода аст?
Суи ту чашми тамаъ оё касе бикшода аст?
Аз сари мижгони ту ин субх дидам ногахон
Шабнаме руи гули рухсораат уфтода аст....****

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 323 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Рахме ту ба холи зори мо кун, чонам,
Як бори дигар ба ман вафо кун, чонам,
Нодон будаам, ки дил ба х,ар кас додам,
Аз булхаваси маро рахо кун, чонам....****

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 349 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Яккаву танхо маро дар нимарах мондан зи чист?
Ошиқи бечораро хар лахза гирёндан зи чист?
Хостам бар хусни руят як назар созам, вале,
Аз мани дилхаста, эй гул, руй гардондан зи чист?****♥

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 340 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Туро дар хоби худ ногох дидам,
Рухатро чун чамоли мох дидам,
Ду чашматро чу ахтар дар шабистон,
Дили санги туро дар рох дидам....****♥

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 398 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Ба ту сад меҳр овардам валекин,
Зи ту ман меҳрубониро надидам.
Шудам аз ишқи ту ман пиру хаста,
Дареғо,ки ҷавониро надидам.
Ба қадрам мераси афсӯс,ки рӯзе
Маро бе ту даруни гур монанд.
Биёи зору гирён лек набинӣ,
Ки чашмонат ба чашми кур монанд.
Зани фарёду гӯи,ки куҷо шуд,
Ҳамоне,ки як умр шайдои ман буд.
Чаро бе ман супоридед ба хокаш,
Ки он гумшудаам пайдои ман буд.
Вале афсӯс дигар аз ман садо нест,
Маро нола дигар сӯи Худо нест.
Туи гашта пушаймон рӯи қабрам,
Ба ҷони мурдаам ҳаргиз даво нест....****♥

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 343 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Ман омадам ба деҳа афсус,ки падарам нест,
Он нури ҳарду чашмам хуршеди аппаам нест.
Ба оҳу доду нола фиғон задам бар осмон,
Гуфтам,ки эй Худоҷон офтоб дар сарам нест.
Дигар ки гӯядам боз дуо ба ҳаққи ҷонам,
Ки ҷуз дуои падар, беҳтарин ёварам нест.
Ҳар сафаре,ки оям буд доимо ба пешвоз,
Ҳайфо ки дигар акнун мунтазири дарам нест.
Магу дигар бародар аз буду аз набудам,
Буду набуди ман рафт дигар дили пурам нест.
Дунё ба чашми ман ҳеҷ, орзуи дил надорам,
Дили шабон бедор хоб дар чашми тарам нест.
Он мурғи ханда аз лаб сӯи дигар пар кашид,
Болу пари шикаста парвози дигарам нест......****

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 358 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Эй нозанин, аз дасти ту хуни ҷигар шудам ,
Рондӣ маро аз хонаат ман дар ба дар шудам.
Баъд аз ҷудоӣ аз тую аз ҷабру зулми ту,
Ман мубталои ғуссаю оҳи дигар шудам.
Будам уқобе дар само, аммо , ки рондиям
Чун каргаси паркандае беболу пар шудам.
Хӯрдам ба вақти ташнагӣ об аз даҳони ту,
Нашкаст ташнагӣ, вале ман ташнатар шудам.
Гаштӣ, ҷудо з-оғӯши ман, пас, эй дилоҳанин,
Аз олами меҳру вафоят бохабар шудам.
Ҳарчанд баъди рафтанат дилхастаам, вале
Шодам, зи дунёи сухан ман баҳравар шудам.
Шоир шудам аз дарду аз доғи муҳаббатат,
Боэътибор байни ҳама аҳли башар шудам.
Эй дилфиреб, аммо дур аз оғӯши гарми ту
Хокистари сарду хунуку бешарар шудам..****♥

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 282 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Дар сина сад сузам нихон, як хамдами дилсуз нест.
Он ки маро дилсуз буд, охир чаро имруз нест...****?

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 324 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)

Ба як арзи саломи ту наарзидам,
Ба як ҳарфу каломи ту наарзидам.
Зи аҳволи дили решам будӣ воқиф,
Вале бар як паёми ту наарзидам.
Туро тоҷе ба сар кардам, вале худ 
Ба посу эҳтироми ту наарзидам.
Талаб кардам шаробе аз лаби қандат,
Ба он як ҷуръа ҷоми ту наарзидам.
Сияҳ кардӣ ту рӯзамро, валекин ман
Ба рӯи субҳфоми ту наарзидам.
Тамоми ҳастиро кардам фидои ту,
Вале бар меҳри томи ту наарзидам.
Саҳар шуд шомаму шомам саҳар шуд,
Ба бӯси субҳу шоми ту наарзидам.
Бикардӣ ғуссахона ин дилам, оҳ,
Ба меҳру эҳтимоми ту наарзидам.****

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 319 | Навист: 985050789 | Руз: 31.12.2015 | Гапҳо(0)