Главная » 2015 » Декабрь » 31 » 985050789
21:28
985050789

Ба як арзи саломи ту наарзидам,
Ба як ҳарфу каломи ту наарзидам.
Зи аҳволи дили решам будӣ воқиф,
Вале бар як паёми ту наарзидам.
Туро тоҷе ба сар кардам, вале худ 
Ба посу эҳтироми ту наарзидам.
Талаб кардам шаробе аз лаби қандат,
Ба он як ҷуръа ҷоми ту наарзидам.
Сияҳ кардӣ ту рӯзамро, валекин ман
Ба рӯи субҳфоми ту наарзидам.
Тамоми ҳастиро кардам фидои ту,
Вале бар меҳри томи ту наарзидам.
Саҳар шуд шомаму шомам саҳар шуд,
Ба бӯси субҳу шоми ту наарзидам.
Бикардӣ ғуссахона ин дилам, оҳ,
Ба меҳру эҳтимоми ту наарзидам.****

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 319 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]