Главная » 2015 » Декабрь » 31 » Барои Он Касоне Ки Падари Худро Аз Даст Додаанд.
21:38
Барои Он Касоне Ки Падари Худро Аз Даст Додаанд.

Ман омадам ба деҳа афсус,ки падарам нест,
Он нури ҳарду чашмам хуршеди аппаам нест.
Ба оҳу доду нола фиғон задам бар осмон,
Гуфтам,ки эй Худоҷон офтоб дар сарам нест.
Дигар ки гӯядам боз дуо ба ҳаққи ҷонам,
Ки ҷуз дуои падар, беҳтарин ёварам нест.
Ҳар сафаре,ки оям буд доимо ба пешвоз,
Ҳайфо ки дигар акнун мунтазири дарам нест.
Магу дигар бародар аз буду аз набудам,
Буду набуди ман рафт дигар дили пурам нест.
Дунё ба чашми ман ҳеҷ, орзуи дил надорам,
Дили шабон бедор хоб дар чашми тарам нест.
Он мурғи ханда аз лаб сӯи дигар пар кашид,
Болу пари шикаста парвози дигарам нест......****

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 359 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]