Главная » 2015 » Декабрь » 31 » 985050789
21:35
985050789

Эй нозанин, аз дасти ту хуни ҷигар шудам ,
Рондӣ маро аз хонаат ман дар ба дар шудам.
Баъд аз ҷудоӣ аз тую аз ҷабру зулми ту,
Ман мубталои ғуссаю оҳи дигар шудам.
Будам уқобе дар само, аммо , ки рондиям
Чун каргаси паркандае беболу пар шудам.
Хӯрдам ба вақти ташнагӣ об аз даҳони ту,
Нашкаст ташнагӣ, вале ман ташнатар шудам.
Гаштӣ, ҷудо з-оғӯши ман, пас, эй дилоҳанин,
Аз олами меҳру вафоят бохабар шудам.
Ҳарчанд баъди рафтанат дилхастаам, вале
Шодам, зи дунёи сухан ман баҳравар шудам.
Шоир шудам аз дарду аз доғи муҳаббатат,
Боэътибор байни ҳама аҳли башар шудам.
Эй дилфиреб, аммо дур аз оғӯши гарми ту
Хокистари сарду хунуку бешарар шудам..****♥

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 282 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]