Главная » 2015 » Декабрь » 23

Маро ошик магу ошик нахохам шуд ба имрузат,
Маро ошик магу то сухтам аз ишки чонсузат.
Ман аз он олами икболу бахти худ гузар кардам,
Туро бигзор хуш бошад хама рузу хама рузат.
Маро ошик магу чонам мани ошик пушаймонам,
Чи кардам бо дили ранчидаи худ ман намедонам.
Аз ишки аввалини худ бароям сухтан бас буд,
Намехохам дигар ишке дигар ошик намемонам.
Маро ошик магу охир ман аз ин ишк дилгирам,
Маро бигзор то боре дили худро ба даст гирам.
Пас аз даргохи ишки ту кадам монам ба дурихо,
Ман аз ин ошикихову ман аз дарду гамат серам.
Маро ошик магу ишки ту аз дунё равонам кард,
Маро афсонаи имрузу фардои чахонам кард.
Чавониро сари рохи ту ман падруд хохам гуфт,
Маро ошик магу ишки садбарги хазон ... Давомаш »

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 540 | Навист: 985050789 | Руз: 23.12.2015 | Гапҳо(0)

Дилам сад бор менолад аз он боре, ки ман дорам.
Ғамам пайваста афзояд зи ғамхоре, ки ман дорам.
Табибо зуд илоҷе кун ба дарди пургудози дил,
Ки тарсам кар шавӣ аз нолаи зоре, ки ман дорам.
Дар олам кори ман, эй дӯст, ғайр аз гиря кардан нест,
Тааҷҷуб мекунад борон аз ин коре, ки ман дорам.
Тамоми шаб зи танҳоӣ чу шамъи хира месӯзам,
Пари парвона сӯхт аз сӯзи бисёре, ки ман дорам.
Наомад ёр баҳри диданам ночору ҳайронам,
Наомад хоб ҳам бар дидаи чоре, ки ман дорам.
Туро ман дӯст дорам гуфтаму сад бор хоҳам гуфт,
Забонам хаста шуд аз ҳарфи такроре, ки ман дорам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 309 | Навист: 985050789 | Руз: 23.12.2015 | Гапҳо(0)

Ин дигар ман нестам, ман нестам,
Ман чи сон бо ин гаму дард зистам. 
Гох шодон,гох гирён руйи рох, 
Зери бори дарду ғам ман сухтам. 
Ин дигар ман нестам, ман нестам,
Зиндагиро бо хуши омухтам,
Гох гаштам хамнишини дусти хуб,
Гох фирори пеши гам афрухтам, 
Ин дигар ман нестам, ман нестам, 
Ишкро дар домани худ духтам, 
Ишқи ту дар хар рагу пайванди ман,
Андаруни қалб онро пухтам. 
Ин дигар ман нестам, ман нестам,
Орзухо як хаёли хому сард,
Сахнаи пур аз хама орзуи ман,
Бесафо, бехамнаво бо гарду фард.  
Ин дигар ман нестам, ман нестам

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 328 | Навист: 985050789 | Руз: 23.12.2015 | Гапҳо(0)

Қалам ба даст мегираму намедонам аз интизорӣ оғоз намоям ё аз ноумедӣ. Ин калимаҳоро ба забон оварда, ёди ишқи покамро мекунам, ёди рӯзҳои ширин, айёми умеду орзуҳои рангин, вале aфcӯc… Акнун ҳамеша пеши чашмам интизорӣ, роҳпоӣ ва орзуи дидори ту ҷилвагар асту халос. Ҳарчанд ба худ савол медиҳам, ки чаро ишқи покамро ба муҳаббати сохта иваз намудаму, чаро тарки ту намуда, дигареро азизи дилу дида хондаму чаро дилатро пора- пора сохтам вале ҳеҷ ҷавобе намеёбам. Ин cаволҳо ҳамеша дар сарам чарх зада, маро нороҳат месозанд, вале чӣ кунам, ки ҷавобе намеёбам, то дилам таскин ёбад. Чӣ қадар дӯстам медошти, ҳар як суханам ба ту қувваю нерӯи дигар мебахшид вале… Дар аввал гумон дошти, ки муҳаббати мо ҷовидонист, он намиранда аст, то абад мемонад, вале хато кардам, хато. Ох ... Давомаш »

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 413 | Навист: 985050789 | Руз: 23.12.2015 | Гапҳо(0)

Ту аз ман мерави имрӯз пушаймон мешави охир,
Маро ёд карда ҳар лаҳза ту гирён мешави охир.
Ту имрӯз мерави ҳатто маро хайре ҳам ногуфта,
Яқин донам, ки ишқамро суроғон мешави охир.
Маро бо ту ҳамеша меҳрубониву навозиш буд,
Ба ҳар як ҳарфи дилҷӯям ту пазмон машави охир.
Туро бо ман раҳи дил буд, ки дил бо дил муҳаббат дошт,
Ки бе ман дар раҳи ин дил ту сарсон мешави охир.
Пас аз як лаҳзаи кӯтоҳ ба ҷустуҷӯи ман гарди,
Маро ноёфтаву аз худ гурезон мешави охир.
Ту инро боз намедони, ки бе ман шоми ту тор аст,
Шаби танҳову ту танҳо худ ҳайрон мешави охир.
Марав аз ман, марав аз ман,ки ман низ баъд намебахшам,
Ту танҳову пушаймону саргардон мешави охир.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 270 | Навист: 985050789 | Руз: 23.12.2015 | Гапҳо(0)