Главная » 2015 » Декабрь » 23 » 985050789
11:44
985050789

Қалам ба даст мегираму намедонам аз интизорӣ оғоз намоям ё аз ноумедӣ. Ин калимаҳоро ба забон оварда, ёди ишқи покамро мекунам, ёди рӯзҳои ширин, айёми умеду орзуҳои рангин, вале aфcӯc… Акнун ҳамеша пеши чашмам интизорӣ, роҳпоӣ ва орзуи дидори ту ҷилвагар асту халос. Ҳарчанд ба худ савол медиҳам, ки чаро ишқи покамро ба муҳаббати сохта иваз намудаму, чаро тарки ту намуда, дигареро азизи дилу дида хондаму чаро дилатро пора- пора сохтам вале ҳеҷ ҷавобе намеёбам. Ин cаволҳо ҳамеша дар сарам чарх зада, маро нороҳат месозанд, вале чӣ кунам, ки ҷавобе намеёбам, то дилам таскин ёбад. Чӣ қадар дӯстам медошти, ҳар як суханам ба ту қувваю нерӯи дигар мебахшид вале… Дар аввал гумон дошти, ки муҳаббати мо ҷовидонист, он намиранда аст, то абад мемонад, вале хато кардам, хато. Охир, бо вуҷуди он ки девонавор ошиқам гашта буди дӯстам медошти, туро тарк гуфтам, бале, таркат намудам ва бо дигаре аҳди муҳаббат бастам. Ҳарчанд аз ман чунин умед надошти, гумон мекарди, ки туро хушбахти ҷаҳон месозам, бо ту ҳаргиз хору зор намегарди вале ҳама андешаҳоят ботил баромаданд. Дар интихоби дӯстдошта хато карди, хатое, ки як умр ором намегузорад. Дар ёд дорӣ, ҳангоми рафтанам аз пуштам садо бароварда,ба баргаштан даъватам намуди,аммо ман ба ту нимнигоҳе накарда рафтам, бале, рафтам, назди он азизам, назди оне, ки аллакай изҳори ишқ намуда будам гуфти бирав то дигар набинам туро хиёнаткор

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 414 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]