Главная » 2015 » Декабрь » 23 » 985050789
15:41
985050789

Маро ошик магу ошик нахохам шуд ба имрузат,
Маро ошик магу то сухтам аз ишки чонсузат.
Ман аз он олами икболу бахти худ гузар кардам,
Туро бигзор хуш бошад хама рузу хама рузат.
Маро ошик магу чонам мани ошик пушаймонам,
Чи кардам бо дили ранчидаи худ ман намедонам.
Аз ишки аввалини худ бароям сухтан бас буд,
Намехохам дигар ишке дигар ошик намемонам.
Маро ошик магу охир ман аз ин ишк дилгирам,
Маро бигзор то боре дили худро ба даст гирам.
Пас аз даргохи ишки ту кадам монам ба дурихо,
Ман аз ин ошикихову ман аз дарду гамат серам.
Маро ошик магу ишки ту аз дунё равонам кард,
Маро афсонаи имрузу фардои чахонам кард.
Чавониро сари рохи ту ман падруд хохам гуфт,
Маро ошик магу ишки садбарги хазонам кард.
Маро ошик магу рузам ба ин танхоихо бигзашт,
Маро ошик магу рузам ба ин савдоихо бигзашт.
Тамоми солхо дар интизори диданат будам,
Туро нодида умри ман ба ин рахпоихо бигзашт.
Маро ошик магу аз ошики нокоми дидам бас,
Маро ошик магу аз ошики гумноми дидам бас.
Гумонам буд ишки ту маро хушбахти меорад,
Вале аз ошики бадбахтию бадноми дидам бас.
Маро ошик магу аз бевафоихои ту серам,
Маро ошик магу аз дилчудоихои ту серам.
Дилам девона аз бегонагии хонаи ёдат,
Ман аз ёду ман ноошноихои ту серам.
Маро ошик магу аз ошики ранчиданам бас буд,
Ба дарди бедавои ошики печиданам бас буд.
Хама нодидахоро бе ту дидам чони ширинам,
Ба умри хештан гуё туро нодиданам бас буд.
Маро ошик магу дигар маро бар холи худ бигзор,
Маро бигзор то сузам рахоям кун факат як бор.
Сари рохам дигар маншин маранчону магирёнам,
Манам аз ишк бегона маро дигар мадех озор.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 541 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]