Главная » 2015 » Декабрь » 23 » 985050789
15:09
985050789

Дилам сад бор менолад аз он боре, ки ман дорам.
Ғамам пайваста афзояд зи ғамхоре, ки ман дорам.
Табибо зуд илоҷе кун ба дарди пургудози дил,
Ки тарсам кар шавӣ аз нолаи зоре, ки ман дорам.
Дар олам кори ман, эй дӯст, ғайр аз гиря кардан нест,
Тааҷҷуб мекунад борон аз ин коре, ки ман дорам.
Тамоми шаб зи танҳоӣ чу шамъи хира месӯзам,
Пари парвона сӯхт аз сӯзи бисёре, ки ман дорам.
Наомад ёр баҳри диданам ночору ҳайронам,
Наомад хоб ҳам бар дидаи чоре, ки ман дорам.
Туро ман дӯст дорам гуфтаму сад бор хоҳам гуфт,
Забонам хаста шуд аз ҳарфи такроре, ки ман дорам.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 310 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]