Главная » 2015 » Август » 15

Чаро ту бо дили ман бозӣ кардӣ?
Аз ин бозӣ дилатро розӣ кардӣ?
Агар ман пеши ту чизе набудам,
Чаро пас пеши ман таннозӣ кардӣ?
Барои он, кӣ қалбамро шикофӣ,
Ба ин мақсад ба ман анбозӣ кардӣ?
Намедонам дилат аз ман чӣ мехост,
Ки назди ман суханпардозӣ кардӣ.
Дилат як зарра ҳам ишқу вафо дошт,
Гаҳе, ки ишваю ғаммозӣ кардӣ?
Фақат як ман шудам қурбони фандат,
Ту бо чандин касон дамсозӣ кардӣ?
Ҳанӯзам ошиқи зори ту ҳастам,
Агарчӣ бо дили ман бозӣ кардӣ.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 455 | Навист: 985050789 | Руз: 15.08.2015 | Гапҳо(0)

Дар сукути ёдхоям чустучуят мекунам,
Бо тамоми орзухо ёди руят мекунам.

Ёди назди ту расиданро бисозам завраке,
Руи амвочи хаёл рохи ба куят мекунам.

Дар дили шабхои танхои зи атри шабнаме,
Буи зебое шамида, ёди буят мекунам.

Бо дилам танхо нишаста, киссахо гуям зи ту,
Худ ба худ хамроз гашта, гуфтугуят мекунам.

... Давомаш »

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 477 | Навист: 985050789 | Руз: 15.08.2015 | Гапҳо(0)

Бирав аз пеши чашмонам туро дидан намехоҳам,
Ба чашми бевафои ту назар кардан намехоҳам.
Бирав аз пеши чашмонам ба дури дури дуриҳо,
Маро кушти валекин ман туро куштан намехоҳам.
Дигар дар соҳили Варзоб нишаста аз кафи дастат,
Ба як қурт бо муҳаббат об нӯшидан намехоҳам.
Дигар болои зонуям туро бо меҳр биншонда,
Навозишат намуда шеъри нав гуфтан намехоҳам.
Дигар дар санги Варзобӣ ба ҳусни хатти зебоям,
Ман он номи туро бо ишқ навиштан намехоҳам.
Дигар бо ту ба гулгашту хиёбонҳои шаҳри ту,
Ба лаб шеъру тарона аз пасат гаштан намехоҳам.
Дигар ғофил яке пайдо зада бо ҳазлу шӯхиҳо,
Туро бӯсидаву паҳлӯи ту шиштан намехоҳам.
Биё бас кун,макун зори,ки акнун дер шуд, дер,
Дигар ҳарфи дурӯғатро шунидан ман намехоҳам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 290 | Навист: 985050789 | Руз: 15.08.2015 | Гапҳо(0)