Главная » 2015 » Август » 15 » 985050789
11:35
985050789

Чаро ту бо дили ман бозӣ кардӣ?
Аз ин бозӣ дилатро розӣ кардӣ?
Агар ман пеши ту чизе набудам,
Чаро пас пеши ман таннозӣ кардӣ?
Барои он, кӣ қалбамро шикофӣ,
Ба ин мақсад ба ман анбозӣ кардӣ?
Намедонам дилат аз ман чӣ мехост,
Ки назди ман суханпардозӣ кардӣ.
Дилат як зарра ҳам ишқу вафо дошт,
Гаҳе, ки ишваю ғаммозӣ кардӣ?
Фақат як ман шудам қурбони фандат,
Ту бо чандин касон дамсозӣ кардӣ?
Ҳанӯзам ошиқи зори ту ҳастам,
Агарчӣ бо дили ман бозӣ кардӣ.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 455 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]