Главная » 2015 » Август » 15 » 985050789
06:59
985050789

Бирав аз пеши чашмонам туро дидан намехоҳам,
Ба чашми бевафои ту назар кардан намехоҳам.
Бирав аз пеши чашмонам ба дури дури дуриҳо,
Маро кушти валекин ман туро куштан намехоҳам.
Дигар дар соҳили Варзоб нишаста аз кафи дастат,
Ба як қурт бо муҳаббат об нӯшидан намехоҳам.
Дигар болои зонуям туро бо меҳр биншонда,
Навозишат намуда шеъри нав гуфтан намехоҳам.
Дигар дар санги Варзобӣ ба ҳусни хатти зебоям,
Ман он номи туро бо ишқ навиштан намехоҳам.
Дигар бо ту ба гулгашту хиёбонҳои шаҳри ту,
Ба лаб шеъру тарона аз пасат гаштан намехоҳам.
Дигар ғофил яке пайдо зада бо ҳазлу шӯхиҳо,
Туро бӯсидаву паҳлӯи ту шиштан намехоҳам.
Биё бас кун,макун зори,ки акнун дер шуд, дер,
Дигар ҳарфи дурӯғатро шунидан ман намехоҳам.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 290 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]