Главная » 2015 » Август » 15 » 985050789
07:02
985050789

Дар сукути ёдхоям чустучуят мекунам,
Бо тамоми орзухо ёди руят мекунам.

Ёди назди ту расиданро бисозам завраке,
Руи амвочи хаёл рохи ба куят мекунам.

Дар дили шабхои танхои зи атри шабнаме,
Буи зебое шамида, ёди буят мекунам.

Бо дилам танхо нишаста, киссахо гуям зи ту,
Худ ба худ хамроз гашта, гуфтугуят мекунам.

То бигардад мондагор ёдам ба сахни манзарат,
Пои уро бастаи занчири муят мекунам.

Гарчи гарди бевафои шишта аст бар доманат,
Руи хавзи нури ишкам шустушуят мекунам.

Кош бошад боги хастият хама сабзу чавон,
Дар сари мехроби дил ин орзуят мекунам.

Ман, ки Шайдои туям, аз шавки ту берун наям,
Чони хешро садкаи як тора муят мекунам.

Шархи ишкамро навиштам бо хуни андешаам,
"Ишки бепоён"-ро хадя ба суят мекунам...

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 477 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]