Главная » 2019 » Январь » 02

Аз ишқ магу, ки дидаам нам меша,
В-ин хонаи дил кулбаи мотам меша.
Он ҷабру ҷафо ки ёр кардаст ба мо,
Бар кӯҳ ниҳӣ, қомати кӯҳ хам меша.

Хонданд: 213 | Навист: 985050789 | Руз: 02.01.2019 | Гапҳо(0)

Ман аз он харгиз насузам, ки рафти аз барам, 
Он навозишхои дастонат гирифти аз сарам. 
Ман намегуям накарди рахм бар чашми тарам,
Аз чафохои ту бишкастааст, ин болу парам. 
Ман аз он сузам  ки чун дастат ба зулфам шона шуд, 
Ин дили гумрохи ман якбораги девона шуд, 
Мурги дил дар доми ту побанди обу дона шуд.
Тарк карда хонаашро окибат белона шуд. 
Бо ду зону назди ман афтоданат сузад маро,
Дар барам бо илтичо истоданат сузад маро.
Бо хазор афсона лаб бикшоданат сузад маро,
Аз китоби Ишк панде доданат сузад маро.

Хонданд: 227 | Навист: 985050789 | Руз: 02.01.2019 | Гапҳо(0)

Нафасам...
Бароят қавл медиҳам, ки фардо бештар аз имрӯз ошиқат бошам.

Хонданд: 246 | Навист: 985050789 | Руз: 02.01.2019 | Гапҳо(0)

На бо тани ғамфусурдаам мемирам,
На бо сари ғусса хурдаам мемирам.
Дар мурдани ман ҳоҷати Азроил нест,
Ман аз ғами ишқи мурдаам мемирам.

Хонданд: 228 | Навист: 985050789 | Руз: 02.01.2019 | Гапҳо(0)

Ту Маро ёд куни ё накуни..
Боварат гар бишавад гар нашавад..
Харфе нест...
Аммо..
Нафасам мегирад дар хавое, ки нафасхои ту нест....

Хонданд: 232 | Навист: 985050789 | Руз: 02.01.2019 | Гапҳо(0)

Ба ту биспурдам дунёи тахтам, 
Ба ту бигзоштам орзуву бахтам. 
Ба ту бахшидам умри зиндагони, 
Зади теғе ба қаъри қалби сахтам. 

Ба ту гуфтам ҳарфҳои ниҳони, 
Ба ту додам ишқи навҷавони. 
Ба ту бастам пайванди муҳаббат, 
Чаро ки қадри ман имруз надони. 

Ба ту хондам сад шеъру тарона, 
Ба ту омӯхтам рӯзу шабона. 
Ба ту бинвиштам рози дили хеш, 
Ҳама дустдориат ... Давомаш »

Хонданд: 233 | Навист: 985050789 | Руз: 02.01.2019 | Гапҳо(0)

Рафтӣ чу моҳтобу шаби ман сиёҳ шуд,
Баъди ту зиндагонии ман иштибоҳ шуд.
Ғайри сукути сард маро ҳамнаво намонд,
Ҳамсӯҳбатам ба дур зи рӯи ту моҳ шуд.
Баъд аз ту марзи синаи ман шуд макони ғам,
Биншаст ғусса бар диламу подшоҳ шуд.
Захми ҳазор лола зи гулзори дил бируст,
Дар сина ишқ баъди ту доғи гуноҳ шуд.
Аз ҳам гусаст риштаи аҳду вафои ту,
Бар хок рехт муҳраи ишқу табоҳ шуд.
Инак нишастаам сари тобути орзӯ,
Амриддин мурд, хонаи дил бепаноҳ шуд.

Хонданд: 251 | Навист: 985050789 | Руз: 02.01.2019 | Гапҳо(0)

Дил гуфт висолаш ба дуо боз тавон ёфт,
Умрест ки умрам ҳама дар кори дуо рафт.

Хонданд: 267 | Навист: 985050789 | Руз: 02.01.2019 | Гапҳо(0)

Лаҳзаҳои зебои имрӯз,  хотираҳои зебои фардоянд.
Барои ҳамдигар лаҳзаҳо ва хотираҳои зебо бисозен!

Хонданд: 218 | Навист: 985050789 | Руз: 02.01.2019 | Гапҳо(0)