Главная » 2019 » Январь » 2 » 985050789
01:56
985050789

Ба ту биспурдам дунёи тахтам, 
Ба ту бигзоштам орзуву бахтам. 
Ба ту бахшидам умри зиндагони, 
Зади теғе ба қаъри қалби сахтам. 

Ба ту гуфтам ҳарфҳои ниҳони, 
Ба ту додам ишқи навҷавони. 
Ба ту бастам пайванди муҳаббат, 
Чаро ки қадри ман имруз надони. 

Ба ту хондам сад шеъру тарона, 
Ба ту омӯхтам рӯзу шабона. 
Ба ту бинвиштам рози дили хеш, 
Ҳама дустдориат буд пур баҳона. 


Туро бурдам ба дунёи муҳаббат, 
Туро омӯхтам меҳру садоқат. 
Туро аз ҷон зиёд низ дӯст доштам, 
Маро кушти ту шахси бешарофат. 

Фаромушам намегардад асло, 
Ҳама ҳарфи дурӯғу он суханҳо. 
Маро дар доми найрангат бибохти, 
Азобам мекаши Алҳамдуллилоҳ.

Просмотров: 234 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]