Главная » 2018 » Июнь » 05

Барнагардед ба одамҳое, ки буданатонро интихоб накарданд.

Хонданд: 211 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Онқадар зебо ошиқи ӯ шудаи ки, дидаму аз хиёнати кардаат лаззат бурдам.
Рӯзе ингуна ошиқи ман будӣ. Ёдат ҳаст лаънатӣ...

Хонданд: 227 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Васиятномаро аз куҷо шурӯъ кунам?
Аз ишқам?
На!
Аз дӯстонам?
На!
Аз модарам оғоз мекунам!
Модар? Ёдат ҳаст? ... Аз дастам асабӣ ки мешудӣ, мегуфти ҷавонмарг шавӣ...
Дидӣ? Дар ҷавонӣ рафтам!
Ёдат ҳаст? Мегуфти хайре набинӣ...
Дидӣ? Аз зиндаги чизе надидам!
Пас ҳоло чаро гиря мекунӣ? Дод мезанӣ?
"Туро худо нафас бикаш" - мегӯӣ!
Модарҷон! Садоятро мешунавам вале наметавонам ҷавоб бигӯям... Зеро хоби абад рафтаам!
Рафиқон!!!
Шумо ҳам дигар ба хотири ман гиря накунед...
Ба хотири мане ки арзише бароятон надоштам...!
Садоям накунед, ки бедор шавам... Бахудо наметавонам.... Барои он ки ҳамеша хобидам...!
Як чизе мегӯям...
Ба ин зудӣ ба хок насупоредам...
Дубора ғуслам бидиҳед.... Зеро дилам ҳанӯз ҳам хун аст!
Ишқам!!!
Ба ту бештар ҳарфҳ ... Давомаш »

Хонданд: 283 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Дигар ба ҳама чиз шак дорам вақте ту ба дӯст доштани ман бовар дошти аммо бе баҳона рафти...

Хонданд: 246 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Медони!
Дар ин дунё, ки бисёр ғамам дод?
Ҳамонеки бисёр дӯсташ доштам!

Хонданд: 167 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Замон боис намешавад, ки фаромуш куни, боис мешавад то бузург бишавиву баъзе чизхоро дарк куни...

Хонданд: 225 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Як нусха аз аксатро хамеша дар барам нигоҳ медорам ва ингуна танҳоиямро фиреб медиҳам,  ки Амриддин ту танхо нести...

Хонданд: 249 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Зан ба мисли кудакест, ки бо андак табассум хандон ва бо камтарин бемеҳри гирён мешавад.

Хонданд: 228 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Вақте ки инсон аз ғам девона мешавад, мардум девонагии ӯро мебинанд, аммо сад афсус ғамашро намебинанд.

Хонданд: 178 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Зиндагиро сахт бигири сахттар мешавад, пас биханд, ошиқ шав,  парвоз кун, дӯст дор, зиндагӣ кӯтоҳ аст,  тавре зиндагӣ кун ки, худат мехохи на дигарон.

Хонданд: 184 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Гуфтанд муҳаббат кунед аз муҳаббат хорҳо гул мешаванд, мо муҳаббат кардем касе гул нашуд худамон хор шудем.

Хонданд: 233 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Агар касе шуморо лоиқ намедонад ва мегӯяд: “ту лоиқи чизе нестӣ”, ҳаргиз руҳафтода нашав. Ба Худо умед бибанд. Ӯ беҳтар медонад, ки бандагонаш лоиқи чӣ ҳастанд.

Хонданд: 205 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Дилам ба «лутф»-и ғамат пир шуд, дигар набиё,
Ки бе ту аз ҳама кас сер шуд, дигар набиё.
Ҳазор бор туро хондаам, биё баргард,
Наомадию кунун дер шуд, дигар набиё.
Ҳамон нигоҳ, ки як вақтҳо умедам буд,
Ба чашми хастаи ман тир шуд, дигар набиё.
Куҷост он ҳама шуру куҷост он ҳама ишқ…
Ҳавои зиндагӣ дилгир шуд, дигар набиё.
Чи қадр бе ту шикастам, ки оқибат мастам,
Чу устухон гулугир шуд, дигар набиё.
Шунидаам, ки меойӣ, вале чаро ҳоло?
Амриддинат, ба Худо, пир шуд, дигар набиё.

Хонданд: 269 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)

Ман аз танхои наметарсам...
Ман аз тухмати номард метарсам!!!

Хонданд: 235 | Навист: 985050789 | Руз: 05.06.2018 | Гапҳо(0)