Главная » 2018 » Июнь » 5 » 985050789
07:19
985050789

Васиятномаро аз куҷо шурӯъ кунам?
Аз ишқам?
На!
Аз дӯстонам?
На!
Аз модарам оғоз мекунам!
Модар? Ёдат ҳаст? ... Аз дастам асабӣ ки мешудӣ, мегуфти ҷавонмарг шавӣ...
Дидӣ? Дар ҷавонӣ рафтам!
Ёдат ҳаст? Мегуфти хайре набинӣ...
Дидӣ? Аз зиндаги чизе надидам!
Пас ҳоло чаро гиря мекунӣ? Дод мезанӣ?
"Туро худо нафас бикаш" - мегӯӣ!
Модарҷон! Садоятро мешунавам вале наметавонам ҷавоб бигӯям... Зеро хоби абад рафтаам!
Рафиқон!!!
Шумо ҳам дигар ба хотири ман гиря накунед...
Ба хотири мане ки арзише бароятон надоштам...!
Садоям накунед, ки бедор шавам... Бахудо наметавонам.... Барои он ки ҳамеша хобидам...!
Як чизе мегӯям...
Ба ин зудӣ ба хок насупоредам...
Дубора ғуслам бидиҳед.... Зеро дилам ҳанӯз ҳам хун аст!
Ишқам!!!
Ба ту бештар ҳарфҳо дорам...
Ҳарфҳои диламро ҳеҷ вақт касе нафаҳмид...
Шояд рӯзе мӯрчаҳо мефаҳманд...
Рӯзе ки зери хок гулӯямро тороҷ мекунанд...!!!
Ишқам!!!
Гиря макун... Ашкҳоятро дидан намехоҳам!
Фақат аз ту хоҳише дорам...
Ба мурдашӯ бигӯ, ки нохунҳояшро кӯтоҳ кунад.... Зеро баданам захмӣ аст!!!
Ҳарфи охиронам барои бегонае!
Уне, ки баъди ман ҷоямро мегирӣ...
Нигаҳбони ишқам бош...!!!

Просмотров: 284 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]