Главная » 2018 » Июнь » 5 » 985050789
06:41
985050789

Дилам ба «лутф»-и ғамат пир шуд, дигар набиё,
Ки бе ту аз ҳама кас сер шуд, дигар набиё.
Ҳазор бор туро хондаам, биё баргард,
Наомадию кунун дер шуд, дигар набиё.
Ҳамон нигоҳ, ки як вақтҳо умедам буд,
Ба чашми хастаи ман тир шуд, дигар набиё.
Куҷост он ҳама шуру куҷост он ҳама ишқ…
Ҳавои зиндагӣ дилгир шуд, дигар набиё.
Чи қадр бе ту шикастам, ки оқибат мастам,
Чу устухон гулугир шуд, дигар набиё.
Шунидаам, ки меойӣ, вале чаро ҳоло?
Амриддинат, ба Худо, пир шуд, дигар набиё.

Просмотров: 270 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]