Главная » 2015 » Март » 24

Сад бор туро хохаму як бор нахохи.
Такрор туро хохаму дидор нахохи.
Озор дихад бар ту хама булхаваси дахр,
Гамхор туро бошаму гамхор нахохи.

Хонданд: 441 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Чу кушоӣ дари ман, бому дарам месӯзад,
Рӯ ба рӯям бинишинӣ, ҷигарам месӯзад.
Ту тару тозатар аз шеъри таболудаи ман,
... Давомаш »

Хонданд: 616 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Гиря кардам, нола кардам,ашки хунборам надиди,
Аз гамат озурда гаштам, холи афгорам надиди.
Шеър гуфтам, шеър хондам, шеърборон кардамат,
Ту вале ашки хунину ашки ашъорам надиди.
Сухт бирён шуд, бипечид дуди охам бар фалак,
Ох, боре дуди талхи ин дили зорам надиди.
Зи аввали шаб,то сахаргах будам аз дардат хазин,
Холи нотобу хазину ин дили зорам надиди. 
Гамгин аз онам, ки боре мехрубоният надидам,
Хуррам аз онам, ки боре чабру озорам надиди.

Хонданд: 344 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Кучо донад нокас кадри касро,
Ба чои гул парастад хору хасро
Чу хуре у кунад девро навозиш,
Ба у бахшад суханхо бо ниёзиш.
Худашро гарчи гирад ёри дилсуз,
Кунад тоат ба иблис у шабу руз,
Ба ботин дигару дигар ба берун,
Бувад макру риёаш сахт афзун.
Намояд бар чашмат чун фаришта,
Вале дар хуни у ифрит сиришта.
Хазар бояд ба хасти аз чунин кас,
Ки месозад туро чун худ у нокас.

Хонданд: 351 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Бовар кунам ишки туро ё ин,ки бози мекуни?
Шояд хама аз бахри Худо моро ту рози мекуни.
Як руз мегуи бирав як руз мегуи бимон,
Охир бигу бо мо чаро ин сахна сози мекуни?
Карди талаб чони маро ман хам дар дастат додамат,
Аз чон надорам бештар ту даст дарози мекуни.
Дилро даруни хилватам аз ишки ту оташ задам,
Дидам ниёзи ту набуд чун бениёзи мекуни.
Бовар кунам ишки туро ё ин, ки бози мекуни?

Хонданд: 355 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Намуди таркаму дидан туро дигар намехохам,
Дигар доге зи сузат бар дилу бар сар намехохам.
Агарчи моху парвини ва ё ки дилбари чини,
Зи хар он чи ки эмини, туро дар бар намехохам.
Чу оху дар камар боши, зи мохи тозатар боши,
Саропо симу зар боши, туро бо зар намехохам,
На онки хуби хубони, ба дарди ишк дармони,
Ва ё ки симу марчони, ман гавхар намехохам.
Пушаймони, Пушаймони, ту кадри ишк кай дони,
Манам огах зи дарди ишк, вале дигар туро намехохам.

Хонданд: 352 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Хайр, эй номеҳрубон, роҳат сафед!
Эй балои чисму чон, роҳат сафед!
Монда зору хаставу танҳо маро,
Бо дигар ҳасти равон, роҳат сафед!
Будиям бо ман замоне лаб ба лаб,
Мерави ту ин замон, роҳат сафед!
Ту маро дилхаста карда мерави,
Шод карда душманон, роҳат сафед!
Гарчи аз ман мерави, эй бевафо,
Бешуморан гулрухон, рохат сафед!
Тири часта аз камон н-ояд дигар,
Рафти чун тир аз камон, роҳат сафед!
Дил намехоҳад дуои бад кунам,
Хонда шеърамро бидон, роҳат сафед!

Хонданд: 374 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Ошики бигзашта аз ман ин хама овоза монд,
Дар дили ман аламхои ту захми тоза монд.
Хар чиро хадду худуде хаст дар руи чахон,
Лек аз ишки ту дар дил мехри беандоза монд.

Хонданд: 434 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Калби ман аз ишки ту девона аст,
Харфи ман бар гуши ту афсона аст.
Дили дардошнои ман фидоят,
Ошнои дар дилат бегона аст.

Хонданд: 383 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Ай азизам ишк хорат мекунад,
Дил ба чои дигаре хайрону зорат мекунад.
Ишк гуфта ту ба харкас дил мабанд,
Бевафои окибат шармсорат мекунад.

Хонданд: 423 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Надори боварам афсус,
Нагарди 
ёварам афсус.
Сурогам 
мекуни рузе,
Ки дигар, дигарам 
афсус.

Хонданд: 501 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)

Ба куи ишқ бо ту ҳамсафар будам,
Хиёнат кардию ман бехабар будам.
Шикасти шишаи калбам чаро охир,
Ба парвоз суи ту бе болу пар будам.

Хонданд: 370 | Навист: 985050789 | Руз: 24.03.2015 | Гапҳо(0)