Главная » 2015 » Март » 24 » 985050789
14:27
985050789

Чу кушоӣ дари ман, бому дарам месӯзад,
Рӯ ба рӯям бинишинӣ, ҷигарам месӯзад.
Ту тару тозатар аз шеъри таболудаи ман,
Аз тару тозагият шеъри тарам месӯзад.
То туро дар назар орам, ки хуморам шиканад,
Дили соҳибназарам дар назарам месӯзад.
Аҷаб ин аст, ки андар талаби дидорат,
Бесарупояму по то ба сарам месӯзад.
Ман зи ишқи ту пас аз худ асаре хоҳаму лек,
Чашми оташасарат беасарам месӯзад.

Просмотров: 617 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]