Главная » 2011 » Декабрь » 11 » Гунохатро намебахшам!!!
13:38
Гунохатро намебахшам!!!
Гуноҳатро намебахшам,
Ки саргардони худ кардию рӯгардон шудӣ аз ман.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки дар даврони мардон ёри номардон шудӣ аз ман.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
Ки аз даргоҳи ишқи беғуборам дар ба дар рафтӣ.
Гуноҳатро намебахтам,
Ки аз гулҳои рангини баҳорам бехабар рафтӣ.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
Ки бе ту ахтари иқболи ман дар авҷи гардун мурд.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки бе ту дар дилам сад достони ишқи Маҷнун мурд.
Намебахшам гуноҳатро,
Прикрепления: акс 1
Просмотров: 1636 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]