Главная » 2019 » Август » 17 » 985050789
19:14
985050789

Ишқи пинҳони маро афсона карди, шарм дор!
Рафтию рафтори номардона карди, шарм дор!
Қиссаи сузи ниҳонам шуд фасона, бок нест, 
Хешро наздики ман бегона карди, шарм дор!
Сустпаймоно, чаро бишкасти осон аҳди худ?
Тарк кардиву дилам девона карди, шарм дор!
Тарки ман кардиву рафти аз паси ёри дигар,
Тарки шамъи равшани кошона карди, шарм дор!
Нақши поямро зади чоруб баъди рафтанам,
Пурғубору чанг роҳи хона карди, шарм дор.

Просмотров: 306 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]