Главная » 2019 » Август » 17

Ту бераҳми, ту бедарди, ту ношукри, ту дилсанги.
Дуоят мекунам ҳар дам Илоҳо дар ба дар гарди.
Ту хушҳоли ту хурсанди ба ҳоли ман чӣ механди,
Худо бахтат сиёҳ гардад, ки рӯзи ман сиёҳ карди.

Хонданд: 302 | Навист: 985050789 | Руз: 17.08.2019 | Гапҳо(0)

Ҳеҷ кас оне, ки мо тасаввур мекардем набудааст.

Хонданд: 235 | Навист: 985050789 | Руз: 17.08.2019 | Гапҳо(0)

Ишқи пинҳони маро афсона карди, шарм дор!
Рафтию рафтори номардона карди, шарм дор!
Қиссаи сузи ниҳонам шуд фасона, бок нест, 
Хешро наздики ман бегона карди, шарм дор!
Сустпаймоно, чаро бишкасти осон аҳди худ?
Тарк кардиву дилам девона карди, шарм дор!
Тарки ман кардиву рафти аз паси ёри дигар,
Тарки шамъи равшани кошона карди, шарм дор!
Нақши поямро зади чоруб баъди рафтанам,
Пурғубору чанг роҳи хона карди, шарм дор.

Хонданд: 307 | Навист: 985050789 | Руз: 17.08.2019 | Гапҳо(0)

Замоне аз осмон барфи сиёҳ борад баъд ман аз дӯстдорият даст хоҳам кашид.

Хонданд: 264 | Навист: 985050789 | Руз: 17.08.2019 | Гапҳо(0)

Ҷойи баъзе аз одамҳо дар зиндаги пур намешаванд, захм мешавад ва то абад мемонад.

Хонданд: 174 | Навист: 985050789 | Руз: 17.08.2019 | Гапҳо(0)

Умр монанди китоб аст, зиёд буданаш муҳим нест, зебо буданаш муҳим аст, бигзор зиндагиатон ҳамеша зебо бошад азизонам.

Хонданд: 141 | Навист: 985050789 | Руз: 17.08.2019 | Гапҳо(0)

Ба танҳоиям ифтихор мекунам, чун медонам таҳаммули танҳоӣ, беҳтар аз гадоиӣ муҳаббат аст.

Хонданд: 141 | Навист: 985050789 | Руз: 17.08.2019 | Гапҳо(0)

Баъзе аз лаҳзаҳои зиндагӣ чунон сахт мегузарад, ки баъди сипари карданашон эҳсос мекуни солҳост ки пир шудаи.

Хонданд: 164 | Навист: 985050789 | Руз: 17.08.2019 | Гапҳо(0)