Главная » 2019 » Июль » 27 » 985050789
08:53
985050789

Сабаби  омаданам дидани дидори ту буд,
Назаре маърифати дидаи бедори ту буд.
Тапиши ҷону таманнои ҷаҳон, яъне чӣ?
Як нафас лаззати зебоии осори ту буд!
Умри ман бохабару бехабар оҳанге дошт,
Вои он лаҳза, ки бехотиру пиндори ту буд!
Саҳар ойина гирифтам, ки тамошо кунамат,
Эй басо чашм, ки дидам, паси девори ту буд
Зор монад дили савдозадаи безорӣ,
Ки сад озор кашид аз ту, вале зори ту буд.
Ин мабодо, ки биҷӯиву наёбӣ рӯзе,
Амриддин, ки ҳама умр талабгори ту буд.

Просмотров: 150 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]