Главная » 2019 » Июль » 27

Ёдам ҳаст ҳарфҳои аввалинат, ки дунёи маро иваз кард, ёдам ҳаст ки мегуфти аз ман ошиқтари, ҳамааш ёдам ҳаст, нагузор бераҳмии дунё эҳсосатро иваз кунад.

Хонданд: 190 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Дигар дӯстат намедорам, ки ишқат куштааст дилро,
Дигар ёдат намесозам, ки ёдат хун кардааст дилро.
Дигар дар мисраҳои шеъри дардолуди тақдирам,
Нахоҳам гуфт номатро, нахоҳам гуфт номатро.

Хонданд: 170 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Агар ошиқи касе шуди аз гузаштааш напурс чун ту агар мард боши гузаштаашро ба ёдаш намеори балки ояндаашро месози.

Хонданд: 148 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Барои озодӣ лозим нест замину осмонро бихарӣ, танҳо худро нафурӯш.

Хонданд: 137 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Гоҳе вақтҳо ба ҳоли худам механдам ки як инсоне ки барояш ҳеҷ кас нестам чаро ман барояш инқадар азоб кашида ашк мерезам.

Хонданд: 197 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Орзӯ кардан висолат ҳам ҳаловат мебарам,
Ман зи сузи беҳисобат ҳам ҳаловат мебарам.
Ишқи манро пос дори ё надори кори туст,
Ман зи дуриву азобат ҳам ҳаловат мебарам.

Хонданд: 226 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Аз рӯзе, ки ту рафти онқадар танҳо шудам, ки гӯё дар дунёе, ки ман зиндаги дорам касе нест.

Хонданд: 165 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Аз касе ки дӯсташ медорӣ осон даст накаш шояд дигар ҳеҷ касро мисли ӯ дӯст надошта бошӣ. Ва аз касе ҳам ки дӯстат медорад бетафовут гузар макун. Чун шояд ҳеҷ вақт ҳеҷ кас мисли ӯ туро дӯст надорад.

Хонданд: 156 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Гулбарг ҳама ба рӯи роҳ мекорам,
Чун абри сиёҳ оби сафед меборам.
Аз барги гулу резаи борон чи суд,
Шабҳо ҳама шаб ба ёди ту бедорам.

Хонданд: 164 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Дар пайраҳаи зиндаги ман дар сафарам,
Оянда чи мешавад, ман бехабарам.

Хонданд: 156 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Ҳар гоҳ ки ғамгин шуди назди ман биё, агар туро хандонда натавонам ваъда медиҳам, ки бо ту гиря мекунам.

Хонданд: 157 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Карди таркам бевафоям ёру ёрат нестам, 
Гашти аз ман ту ҷудо ошиқи зорат  нестам. 
Аҳду паймонат дурӯғ буд гиряҳоят беасос, 
Эй хиёнаткори беаҳд, номдорат нестам. 
Онқадар сухтам даруни оташи сузони  ғам, 
Ман дигар лоиқи оғӯши баҳорат  нестам, 
Инқадар девона будам, бо туву аз ишқи ту, 
Бо ҳама ҷабру ситам ман дӯстдорат нестам. 
Бо гудози оташинат об карди ту маро, 
Бевафо будаи бедил дар канорат нестам.

Хонданд: 161 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Одат надорам, хуб буданамро ба касе исбот намоям, чунки медонам ҳар касе аз мо рафтан хоҳад мераваду андак пас таҷриба карда пасон дубора боз бармегардад.

Хонданд: 213 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Ба ишқу ошиқи афсона бошед, Яке шамъу дигаре парвона бошед. Худо хушбахт гардонад шуморо, Ки умре ҳамдилу ҳамхона бошед.

Хонданд: 1250 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Сабаби  омаданам дидани дидори ту буд,
Назаре маърифати дидаи бедори ту буд.
Тапиши ҷону таманнои ҷаҳон, яъне чӣ?
Як нафас лаззати зебоии осори ту буд!
Умри ман бохабару бехабар оҳанге дошт,
Вои он лаҳза, ки бехотиру пиндори ту буд!
Саҳар ойина гирифтам, ки тамошо кунамат,
Эй басо чашм, ки дидам, паси девори ту буд
Зор монад дили савдозадаи безорӣ,
Ки сад озор кашид аз ту, вале зори ту буд.
Ин мабодо, ки биҷӯиву наёбӣ рӯзе,
Амриддин, ки ҳама умр талабгори ту буд.

Хонданд: 149 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Дигар ҷонам нагу ҷонат намешам.
Дигар дилсӯзу ғамхорат намешам.
Диламро шикасти бо ин булҳавасит,
Худо шоҳид, ки дигар пазмонат намешам.

Хонданд: 190 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)

Дар зиндаги наёмади боре ба пурсишам,
Мурдам кунун ба фотиҳа баҳри Худо биё.

Хонданд: 202 | Навист: 985050789 | Руз: 27.07.2019 | Гапҳо(0)