Главная » 2019 » Март » 30 » 985050789
15:28
985050789

Ту ёри дигаре ҳастию ман беҳуда месузам,
Нигори дигаре ҳастию ман беҳуда месузам.
Ба ёди он канори чун биҳишти ту хазон гаштам,
Баҳори дигаре ҳастию ман беҳуда месузам.
Хамеша чоннисорат ҳастаму аммо дареғо, ту,
Нисори дигаре ҳастию ман беҳуда месузам.
Дили ман сарду торику сиёҳу тор, аммо ту ,
Шарори дигаре ҳастию ман беҳуда месузам.
Мани дилхаста аз дарди муҳаббат бемадорам,
Ту мадори дигаре ҳастию ман беҳуда месузам.
Канорам холию аммо ту, эй ёри чафопеша,
Канори дигаре ҳастию ман беҳуда месузам.
Карори ман рабуди аз ману аммо худат, эй гул,
Карори дигаре ҳастию ман беҳуда месузам.

Просмотров: 219 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]