Главная » 2019 » Март » 1 » 985050789
17:48
985050789

Ту ҳам баҳори маниву ту ҳам хазони манӣ,
Ту ҳам суруди маниву ту ҳам фиғони манӣ.
Ту ҳам муҳаббату ишқиву ҳам саодати ман, 
Агар ки ман тану ҷисмам, ту рӯҳу ҷони манӣ. 
Ба ҳар куҷо, ки нарафтам, ба хотирам бошӣ, 
Ба ҳар, ки рӯй наорам, ту дар баёни манӣ. 
Ғазал нависаму акси ту пеши рӯ орам, 
Ба ҳар фасона, ки хонам ту қаҳрамони манӣ.
Нафас туиву туро мекашам нафас, ҷоно, 
Ту қуввати дилу ҷон, мағзи устухони манӣ. 
Ба ҳар баҳона ба ишқам ту хӯрда мегирӣ,
Вале бидон, ки ҳамон ёри қадрони манӣ.
Ҳикояти ту, ки ҳамвора мекунам изҳор, 
Ту рамзи қиссаи ман, авҷи достони манӣ. 
Ҳазор захм ба ҷонам зи дурият дорам, 
Ту марҳаме ба ҳама захмҳои ҷони манӣ.

Просмотров: 250 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]