Главная » 2019 » Март » 01

Чӣ зебо гӯфт пирамард,
Як умр ману саломатӣ дунболи пул будем.
Акнун
Ману пул дунболи саломатӣ.

Хонданд: 180 | Навист: 985050789 | Руз: 01.03.2019 | Гапҳо(0)

Бе  мантик тарин узвам  чашмонам хастанд.
Мебинанд, ки  дустам  намедори аммо хануз ташнаи   дидорат  хастанд.

Хонданд: 240 | Навист: 985050789 | Руз: 01.03.2019 | Гапҳо(0)

Ту ҳам баҳори маниву ту ҳам хазони манӣ,
Ту ҳам суруди маниву ту ҳам фиғони манӣ.
Ту ҳам муҳаббату ишқиву ҳам саодати ман, 
Агар ки ман тану ҷисмам, ту рӯҳу ҷони манӣ. 
Ба ҳар куҷо, ки нарафтам, ба хотирам бошӣ, 
Ба ҳар, ки рӯй наорам, ту дар баёни манӣ. 
Ғазал нависаму акси ту пеши рӯ орам, 
Ба ҳар фасона, ки хонам ту қаҳрамони манӣ.
Нафас туиву туро мекашам нафас, ҷоно, 
Ту қуввати дилу ҷон, мағзи устухони манӣ. 
Ба ҳар баҳона ба ишқам ту хӯрда мегирӣ,
Вале бидон, ки ҳамон ёри қадрони манӣ.
Ҳикояти ту, ки ҳамвора мекунам изҳор, 
Ту рамзи қиссаи ман, авҷи достони манӣ. 
Ҳазор захм ба ҷонам зи дурият дорам, 
Ту марҳаме ба ҳама захмҳои ҷони манӣ.

Хонданд: 249 | Навист: 985050789 | Руз: 01.03.2019 | Гапҳо(0)

Дигар аз ишқ ошуфтан нахоҳам,
Ғами дилро ба кас гуфтан нахоҳам.
Дигар монанди гӯл дар навбаҳорон,
Барои ёр бишкуфтан нахоҳам.

Хонданд: 261 | Навист: 985050789 | Руз: 01.03.2019 | Гапҳо(0)

Ҳеҷ вақт одамҳоро бо интизорӣ имтиҳон накунед! Интизорӣ одамҳоро  иваз мекунад...

Хонданд: 195 | Навист: 985050789 | Руз: 01.03.2019 | Гапҳо(0)