Главная » 2019 » Январь » 19 » 985050789
10:35
985050789

Рафтӣ чу моҳтобу шаби ман сиёҳ шуд,
Баъди ту зиндагонии ман иштибоҳ шуд.
Ғайри сукути сард маро ҳамнаво намонд,
Ҳамсӯҳбатам ба дур зи рӯи ту моҳ шуд.
Баъд аз ту марзи синаи ман шуд макони ғам,
Биншаст ғусса бар диламу подшоҳ шуд.
Захми ҳазор лола зи гулзори дил бируст,
Дар сина ишқ баъди ту доғи гуноҳ шуд.
Аз ҳам гусаст риштаи аҳду вафои ту,
Бар хок рехт муҳраи ишқу табоҳ шуд.
Инак нишастаам сари тобути орзӯ,
Амриддин мурд, хонаи дил бепаноҳ шуд.

Просмотров: 244 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]