Главная » 2019 » Январь » 19

Сад доғи ниҳон дорад, ин сина, ки механдад,
Сад гуна бало дидаст, ин дида, ки мегиряд.

Хонданд: 205 | Навист: 985050789 | Руз: 19.01.2019 | Гапҳо(0)

Аз меҳри дилат маро ту маҳрум кардӣ,
Аз субҳи дилат маро чу маҳ гум кардӣ,
Гуфтам, ба дили ту ман зи нав ҷо ёбам,
Бо ҳукми дилат маро ту маҳкум кардӣ.

Хонданд: 219 | Навист: 985050789 | Руз: 19.01.2019 | Гапҳо(0)

Сад дояи  мехрубон модар нашавад,  
Хеч  мехр ба мехри ӯ баробар нашавад. 
Не холаву, не аммаву не янгаи мо, 
Як зарраи хоки пои модар  нашавад.

Хонданд: 298 | Навист: 985050789 | Руз: 19.01.2019 | Гапҳо(0)

Натавонистам собит кунам аммо, як рӯз хоҳи фаҳмид, ки  ҳеҷ кас мисли ман набуд.

Хонданд: 194 | Навист: 985050789 | Руз: 19.01.2019 | Гапҳо(0)

Рафтӣ чу моҳтобу шаби ман сиёҳ шуд,
Баъди ту зиндагонии ман иштибоҳ шуд.
Ғайри сукути сард маро ҳамнаво намонд,
Ҳамсӯҳбатам ба дур зи рӯи ту моҳ шуд.
Баъд аз ту марзи синаи ман шуд макони ғам,
Биншаст ғусса бар диламу подшоҳ шуд.
Захми ҳазор лола зи гулзори дил бируст,
Дар сина ишқ баъди ту доғи гуноҳ шуд.
Аз ҳам гусаст риштаи аҳду вафои ту,
Бар хок рехт муҳраи ишқу табоҳ шуд.
Инак нишастаам сари тобути орзӯ,
Амриддин мурд, хонаи дил бепаноҳ шуд.

Хонданд: 244 | Навист: 985050789 | Руз: 19.01.2019 | Гапҳо(0)

Маро рӯзе канори дигаре бинӣ, чӣ хоҳӣ кард?
 Ӯро шодону хандон дар барам бинӣ, чӣ хоҳӣ кард? 
Агар чанде, ки сӯзи ишқи ту шоир кард Амриддинро,
Дигар номи ӯро дар дафтарам бинӣ, чӣ хоҳӣ кард?

Хонданд: 183 | Навист: 985050789 | Руз: 19.01.2019 | Гапҳо(0)

Лаҳзаҳои зебои имрӯз,  хотираҳои зебои фардоянд.
Барои ҳамдигар лаҳзаҳо ва хотираҳои зебо бисозен!

Хонданд: 177 | Навист: 985050789 | Руз: 19.01.2019 | Гапҳо(0)

Дар интихобҳоямон диққат кунем, чунки гоҳо доштани як чиз боиси надоштани хело чизҳо мешавад.

Хонданд: 226 | Навист: 985050789 | Руз: 19.01.2019 | Гапҳо(0)