Главная » 2018 » Апрель » 12 » 985050789
13:37
985050789

Ман,ки мурдам баъди мурдан сӯхтану уф-уф макун,
Баъди мурдан вақти худ бар диданам масруф макун.
Душмани ман мард бош, як лаҳза бо ман марди кун,
Чун Зулайхо тӯҳмати ноҳақ бар Юсуф макун.
Дӯсти ман дар зиндагӣ бо ман ҳамеша дӯст бош,
Баъди мурдам куртаи беостинам аз суф макун.
Мову ту ёру рафиқу ҳам бародар гаштаем,
Хурдаем нон аз дастархон, бар намакдон туф макун.
Эй бародар хонаи дил аз имон равшан шавад,
Шохаи тар дар нагирад беҳуда пуф пуф макун.
Ҳар чи дарде бар сари бемор ояд аз Худост,
Ҳозиқаш ҳам низ Худост, эй банда ту куф суф макун.
Ташна донад қадри обу гушна донад қадри нон,
Мушрикеро эй бародар амри бар маъруф макун.

Просмотров: 249 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]