Главная » 2018 » Апрель » 12

Ман,ки мурдам баъди мурдан сӯхтану уф-уф макун,
Баъди мурдан вақти худ бар диданам масруф макун.
Душмани ман мард бош, як лаҳза бо ман марди кун,
Чун Зулайхо тӯҳмати ноҳақ бар Юсуф макун.
Дӯсти ман дар зиндагӣ бо ман ҳамеша дӯст бош,
Баъди мурдам куртаи беостинам аз суф макун.
Мову ту ёру рафиқу ҳам бародар гаштаем,
Хурдаем нон аз дастархон, бар намакдон туф макун.
Эй бародар хонаи дил аз имон равшан шавад,
Шохаи тар дар нагирад беҳуда пуф пуф макун.
Ҳар чи дарде бар сари бемор ояд аз Худост,
Ҳозиқаш ҳам низ Худост, эй банда ту куф суф макун.
Ташна донад қадри обу гушна донад қадри нон,
Мушрикеро эй бародар амри бар маъруф макун.

Хонданд: 248 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Булҳавас дар зиндагӣ касбу ҳунар гум мекунад,
Марди нодида зи каф аз завқ зар гум мекунад,
Ҳеч гох н-ояд писанди одамон фарзанди бад,
Оқибат фарзанди бад меҳри Падар гум мекунад.

Хонданд: 234 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Намедонистам, ки ту бо дил чунин рафтор хохи кард,
Маро то охири умрам чарохатдор хохи кард.
Ба зохир буди гамхору вале карди маро захми,
Агар гуям хамин ахвол, ту боз инкор хохи кард.
Фиреби сахт хурдам эх, зи дасти ту мани содда,
Агар хар бор туро бахшам, ту боз такрор хохи кард.
Ту танхо мешави як руз, маро бар ёд меори,
Ба мисли захми ман он гах, дилат хуншор хохи кард.
Ту бо ман сарсари буди, зи пуштат гиряхо кардам,
Рузе аз кардахои хеш ту хатман ох хохи кард.
Зи ту дур буданам бехтар, панохат бар Худо бодо,
Надорам токате дигар, ки боз озор хохи кард.

Хонданд: 218 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Яке бингар зи ишкаш нола дорад, 
Дигар дар чодаи ишк нагма дорад, 
Яке хандону шодон аз мухаббат. 
Дигар аз чабри ёраш гамза дорад.

Хонданд: 224 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Рузе дасташро гирифтам пеши Худо рафтам гуфтам ман ҳаминро мехоҳам. Гуфт: ман аз ин беҳтар бароят медиҳам. Поямро ба замин кубидам гуфтам: ман ҳаминро мехоҳам... Оҳиста ба гушам гуфт: у каси дигаро аз ман хоста буд.

Хонданд: 215 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Гармтарин эхсосро такдими касе кун, ки дар сардтарин руз бо ту аст....

Хонданд: 237 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Дарду ранҷи зиндагиро ҷуз таҳаммул чора нест.
Ҳар шикасти талхро мардонавор бояд чашид...

Хонданд: 266 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Кош ман дар оғӯши замин мебудам, борон меборид то тамоми ғамро бо худ мебурд ва ман роҳат бо хок оғӯш мешудам, роҳат мехобидам....

Хонданд: 254 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Ман рози дилам ба гӯши гулҳо гӯям,
Таскини дилам зи тоби дилҳо ҷӯям.
Чун дона миёни хоки раҳ гум шудаам,
Шояд ки ба иқболи ту фардо рӯям.

Хонданд: 231 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Ҳар ошиқи булҳавас наояд ба дарат,
Ҳар лофзане намешавад ҷонсипарат.
Дар боғи ҳаёт нахли ишқе парвар,
Дар мавсими пирӣ соя созад ба сарат.

Хонданд: 175 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Чи кадар дардовар аст вакте, ки дигарон туро дар хаёлашон нодуруст тассавур мекунанд ва аз эхсосоти даруни ту бехабаранд.

Хонданд: 199 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Аз неруи тан ҳикояте хоҳад монд,
Аз ҳусни ҷавонӣ сурате хоҳад монд.
Бар умри гузаштаи худ афсӯс махӯр,
Аз меҳру вафо саодате хоҳад монд.

Хонданд: 184 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Бори гарони зиндаги рузе нихонат мекунад,
Аз барги гул зеботари фардо хазонат мекунад.
Гар охуи дар кухсор ё ки укоби бар фазо,
Бо тири гайбаш ногахон рузе нишонат мекунад.

Хонданд: 304 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Рузе нашавад, ки аз алам сер шави дар фасли чавоният ту дилгир шави ту таъна зади маро, ки пир шудаи рузе нашавад, ки зори мани пир шави.

Хонданд: 213 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Намедонам бозанда кист? 
  Ман ва ё ту ?
  Мане, ки бохтам туро тамоми дору надорам буди, ё гуе, ки бохти маро хеч ба андозаи ман   дустам бидори!!!

Хонданд: 234 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Агар мехохи хушбахт шави бирав дунболи оне, ки дустат дорад на касе, ки дусташ дори чун касе, ки ошикат аст бароят хар кор мекунад ва касе, ки ту ошикаш хасти бояд ту уро хушбахт куни...

Хонданд: 242 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)

Сурогам омади вакте, туро дидан намехохам.
Нихоли гул ба сар боши, туро чидан намехохам.
Агар дар сохили дарё баногах ташналаб мирам.
Бирав аз ман, ки харфи ту бишнидан намехохам.
Замоне хамчу оташ сухтам бахрат вале акнун.
Агар шамъе шавам суи ту рахшидан намехохам.

Хонданд: 298 | Навист: 985050789 | Руз: 12.04.2018 | Гапҳо(0)