Главная » 2017 » Август » 3 » 985050789
16:41
985050789

Сардборони само мегузарад, гиря макун,
Гиряи обу ҳаво мегузарад, гиря макун.
Аз сари мардуми олам чӣ каму беш гузашт,
Боз ҳам аз сари мо мегузарад, гиря макун.
Ин сиёҳиву сафедии ҷаҳон рӯзушабист,
Рӯзу шаб пешу қафо мегузарад, гиря макун.
Зиндагй ҳар нафасе ҷоизаи нав дорад,
Низ гоҳе ба ҷазо мегузарад, гиря макун.
Қиссаи Хусраву Ширин сухани бофта нест,
Дар раҳи ишқ чиҳо мегузарад, гиря макун!
Амриддин, ашки қалам бо ғаму шоде ояд,
Нома аз дасти Худо мегузарад, гиря макун.

Просмотров: 276 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]