Главная » 2017 » Август » 03

Сардборони само мегузарад, гиря макун,
Гиряи обу ҳаво мегузарад, гиря макун.
Аз сари мардуми олам чӣ каму беш гузашт,
Боз ҳам аз сари мо мегузарад, гиря макун.
Ин сиёҳиву сафедии ҷаҳон рӯзушабист,
Рӯзу шаб пешу қафо мегузарад, гиря макун.
Зиндагй ҳар нафасе ҷоизаи нав дорад,
Низ гоҳе ба ҷазо мегузарад, гиря макун.
Қиссаи Хусраву Ширин сухани бофта нест,
Дар раҳи ишқ чиҳо мегузарад, гиря макун!
Амриддин, ашки қалам бо ғаму шоде ояд,
Нома аз дасти Худо мегузарад, гиря макун.

Хонданд: 275 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Ба ман дунё чи лозим гар ту нести.
Ба дил наво чи лозим гар ту нести.
Нахохам дар дунё бе ту буданро.
Шаби борон чи лозим гар ту нести.

Хонданд: 215 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Тори дили ман садо надорад бе ту,
Ин зиндагиям бахо надорад бе ту.
Аз дарди мухаббати ту бемор шудам,
Дарди дили ман даво надорад бе ту.

Хонданд: 255 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Гуфтам, ки дигар бар ту нигохе накунам.
То бар дили хастаам чафое накунам.
Дил гуфт:"Зи номи ман чихо мегуи"
То зинда манам аз ту чудои накунам.

Хонданд: 226 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Ман аз руи рашки худ дилро ба дод овардам.
Аз дасту чанчоли худ туро ба дод овардам.
Як замоне бароям чонат фидо мекарди .
Аз дасти чанчоли ман ту дил мондаги карди.
Мачнунаму рашкинам бо худ чи чора созам.
Ин ишки хакикатро ба ту баён бисозам.
Рашк агар бикушад хам дил ба ту бовар дорад.
Манхам туро мехохам аммо рох дурри дорад.

Хонданд: 238 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Мазан бар номи ман фарёд.
Машав аз бахти ман ношод.
Бо ёри нават мехрубони кун.
Маро акнун барор аз ёд.

Хонданд: 246 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Хайфи ишки аввалам,эй дарего хор шуд,
Кадри ман ёрам надонисту ба гайре хор шуд.
Ахд кардам,то наёрам дигар уро дар хаёл,
Тарки ёди у намудан,эй басо душвор шуд.

Хонданд: 287 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Биё ҷонам ки ғамҳоят маро кушт.
Ҳама дарду аламҳоят маро кушт.
Ту хурди сад қасам аммо шикасти.
Бубин охир қасамҳоят маро кушт.

Хонданд: 180 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Ин ёраки ман ишки печидаи ман.
Биё ошти шавем эй ёри ранчидаи ман.
Не бар тани ту гуноху не бар тани ман.
Ончо дили ту сиёху инчо дили ман.

Хонданд: 267 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Аз вафо харфе бигу то як дам гушат кунам,
Дарди чонамро табобат бо лаби нушат кунам.
Рузу шаб андар хаёлам нест гайри ту,
Худ бигу бар ман чи созам фаромушат кунам.

Хонданд: 218 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Ишк бахонае аст барои бози кардан, бахонае барои фаромуш кардан, бахонае барои нобуд кардан, бахонае барои дил шикастан ва шояд барои зиндаги кардан.....

Хонданд: 274 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Дар дафтари ман навиштаи соз туи,
Дар дидаи ман фариштаи ноз туй,
Гуфтам ки фаромушат кунам,хоб кунам,
Дар хоб гуле дидам ки он боз туи.

Хонданд: 173 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)

Дилам аз зиндаги сард аст ки ман зистан намехохам.
Ту бо дигаре хасти ки ман донистан намехохам.
Замони дидани руят барои ман чахоне буд.
Вале афсус ки ман имруз туро дидан намехохам.

Хонданд: 236 | Навист: 985050789 | Руз: 03.08.2017 | Гапҳо(0)