Главная » 2017 » Июль » 19 » 985050789
09:25
985050789

Ишқи ту дар қалби ман як умр саршор асту бас,
Чашми дил бо ёди ту ҳар лаҳза бедор асту бас.
Мӯи сар то нохуни по ин ҳама қурбони ту,
Ҷони ширин дар ғамат афтида бемор асту бас.
Гар кунанд ҷамъ гулрухонро то дари бозори ҳусн,
Ин дили шайдо туро танҳо харидор асту бас.
Дар ғами ишқат бисӯхтам мисли шамъе то саҳар,
Субҳи рӯзам бо умеди ту Амриддин асту бас.
Дил даруни сина бемору табиби ман туӣ,
Эй табиби ҳозиқам дарди дилам ёр асту бас.
Гар насози мақбули ишқи дили бечораам,
Пас макун фикри даво дору маро дор асту бас.
Чун гузаштам дар ғами ишқат ниҳон ман аз ҷаҳон,
Дон,ки фардо дар биҳишт бо ман туро кор асту бас.

Просмотров: 233 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]