Главная » 2017 » Июль » 19 » 985050789
09:08
985050789

Хам шуд ниҳоли қоматам боре наомадӣ,
Бар ҷои истиқоматам боре наомадӣ.
Гуфтам,ки аҳволи туро пурсам биё,биё
Гуфти,ки ман саломатам, боре наомадӣ.
Аз ишқу аз ҷавоният гуфти дигар магӯ
Карди басе маломатам боре наомадӣ.
Ман сабр пеша кардаму умрам намекунад
Пурсабру пурматонатам ,боре наомадӣ.
Гоҳе калом мекунӣ гоҳе салом не,
Қурбони ҳар каломатам боре наомадӣ.
Гуфтам,ки зинда буданам як давлатест,
Кушти ба сад аломатам боре наомадӣ.

Просмотров: 221 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]