Главная » 2017 » Июль » 19 » 985050789
05:42
985050789

Дили худро зи ишқи ту, адо кардам нафаҳмиди,
Барои як нигоҳат ҷон фидо кардам нафаҳмиди.
Ту бингар, ки ҳама мардум ба симу зар харидоранд,
Ҳама дунё ба як мӯят баҳо кардам нафаҳмиди.
Ту сухбат мекарди дар сахро бо рақибонам,
Ба сӯят бо маломат ман ниго кардам нафаҳмиди.
Зи дарди ишқи ту дорам ҳаме ғамҳо дар ин олам,
Ғаматро дар даруни сина ҷо кардам нафаҳмиди.
Ҷафокоро, ҷафочуё, ту ин дарс аз ки бигрифтӣ?
Ба ҷони ман ҷафо карди, вафо кардам нафаҳмиди.
Ба хоби шаб туро дидам, ки дар гулзор мерафти,
Давида аз пасат ёро, садо кардам нафаҳмиди.
Бифармуди, ки эй Дарё дар Сохили ишкам гадое бош,
Ба Сохили ишқи ту худро, гадо кардам нафаҳмиди

Просмотров: 249 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]