Главная » 2016 » Сентябрь » 8 » 985050789
19:10
985050789

Эй маро озурда аз худ гар пушаймонӣ биё!
Нағмаҳои номувофиқ гар намехонӣ биё!
То ки сар печиди аз роҳи вафо гуфтам бирав,
Ҷуз вафо акнун агар роҳе намедонӣ биё!
Як нафас бо ман набуди меҳрубон, эй сангдил,
З-он ҳама номеҳрубонӣ гар пушаймони биё!
Тоби ранҷури надорам дар пайи ранҷам мабош,
Гар намехоҳӣ, ки ҷонамро биранҷони биё!
Худ ту дони дардҳо бар ҷони ман бигзоштӣ,
То нафас дорам агар дар фикри дармони биё!
Душмани ҷонам ту будӣ, дарди пинҳонам зи туст,
Бо ҳама ин шикваҳо гар роҳати ҷони биё.

Просмотров: 303 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]