Главная » 2016 » Сентябрь » 08

Саре воло, саре борам ман имруз,
Ду чашме бар само, чорам ман имруз,
Даме ашку даме лабханди озор,
Бахор асту, вале хорам ман имруз.

Хонданд: 246 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)

Ба дасти бод биспурди вафоям.
Ба дасти сабр биспурдам чафоят.
Тамоми умр номатро гирифтам.
Тамоми умр бинмудам садоят.
Дареғи гунахои лолагунам.
Ки хору хоку оташхурда гашта.
Дареги калби ошикпарвари ман.
Ки аз ишку вафо озурда гашта.
Хазорон офаринат бод,эй дил.
Бубахшиди-хатояшро надиди.
Ба ин худсузиву шабзиндадори.
Бигу оё ба ёри худ расиди?
Ба дасти бод гарчи рафта ишкам.
Ба дасти шеър ёдатро супурдам.
Магу к-аз дидаат карди бурунам.
Ки хар дам шеърворат месурудам,

Хонданд: 342 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)

Эй маро озурда аз худ гар пушаймонӣ биё!
Нағмаҳои номувофиқ гар намехонӣ биё!
То ки сар печиди аз роҳи вафо гуфтам бирав,
Ҷуз вафо акнун агар роҳе намедонӣ биё!
Як нафас бо ман набуди меҳрубон, эй сангдил,
З-он ҳама номеҳрубонӣ гар пушаймони биё!
Тоби ранҷури надорам дар пайи ранҷам мабош,
Гар намехоҳӣ, ки ҷонамро биранҷони биё!
Худ ту дони дардҳо бар ҷони ман бигзоштӣ,
То нафас дорам агар дар фикри дармони биё!
Душмани ҷонам ту будӣ, дарди пинҳонам зи туст,
Бо ҳама ин шикваҳо гар роҳати ҷони биё.

Хонданд: 302 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)

Шодии ман аз дасти ғамат бемор аст,
Фарёди ман аз сукути ту безор аст.
Рафтию наомадӣ чу хуршеду чу моҳ,
Рӯзу шаби ман ба домани озор аст.

Хонданд: 255 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)

Ба дарди қалби ту дармонам, эй ёр,
Ба чисми хастаат ман чонам, эй ёр,
Марон имшаб маро аз хонаи худ,
Ки шаб дар хонаат мехмонам, эй ёр.

 

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 308 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)

Агар бар ишқи ман бовар надори,
Вафоямро чафо гар мешумори,
Маро аз дил бурун гар кардаи ту.
Киро пас, эй махи ман, дуст дори?

Хонданд: 271 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)

Рузгори талх омаду ёри ман бегона шуд.
Сад хадиси ишк гуфтам пеши вай афсона шуд.
Ман бино кардам ба дил хамчун халилаш Каъбае,
У бирафту дил шикаст ин каъба хам буд хона шуд.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 353 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)

Ишку сузи ин чахон, пур нолаву гам будааст,
Оху дарди ошикон, ин чашми пурнам будааст.
Гамгусорон гамзада, гамдор бошанд дар чахон,
Ранчиши калби касе, оре, гунохе будааст.
Хеч надонистам, азобу дарду охи ошикон,
Ох кашидам, ох гуфтам, ох сахте будааст.
Оби чашми ошикон чи гуяд аламхои маро,
Пуралам гаштан дар олам, бас азобе будааст.
Калби танхоям бароят аз кафас берун шавад,
Дар кафас танхо нишастан, мисли зиндон будааст.
Ними шаб танхо ба ёдат мебарам дасти дуо,
Шаб дуо кардан, бароям боз сахттар будааст.
Ашки чашмам хар замоне катра - катра мечакад,
Дарди чашмони хунолуд бе табобат будааст.
... Давомаш »

Хонданд: 417 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)

Шаб туро бисёр ёдат мекунам,
Эй маҳи бедор ёдат мекунам.
Хандаҳои дилкашат пеши назар,
Ман туро такрор ёдат мекунам.
Гар накардӣ ёди ман як бор ҳам,
Лаҳзае сад бор ёдат мекунам.
Дидаам аз дидани ту сер нест,
Аз бари дидор ёдат мекунам.
Ту бароям дилбари деринаӣ,
Аз пареру пор ёдат мекунам.
Бегуноҳӣ нест ошиқ буданам,
То ба нангу ор ёдат мекунам.
Синаам ғарқи таманнноҳои туст,
Бо дили саршор ёдат мекунам.
Васфи ишқи ту намеғунҷад ба шеър,
Берун аз гуфтор ёдат мекунам.
Беқарор аз омаданҳои туям,
Бо ду чашми чор ёдат мекунам.
Ҷони ман, ин пургуноҳиям бубахш,
Гар туро бисёр ёдат мекунам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 222 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)

Рафтам аз дасти чафоят бар намегардам дигар.
Дидаам садхо хатоят бар намегардам дигар.
Гарчи руятро надида, мешавам комат хамида.
Чониби кадди расоят бар намегардам дигар.
Дар дахонам талх гардад шарбату ширу шакар.
Аз барои буссахоят, бар намегардам дигар.
Дар рахи ишку мухаббат, бо хама мехру сафо.
Гарчи будам чонфидоят, бар намегардам дигар.
Аз пушаймони зани фарьёди талхе аз чигар.
Бишнавад олам садоят, бар намегардам дигар.
Гарчи баъд аз рафтани ман бар дигар дил бастаи.
Тира мегардад самоят, бар намегардам дигар.
Шеъри киммат аз сарамро сухти дар оташе.
Зар бигардад хоки поят, бар намегардам дигар.
Аз чафои бе шуморат, аз нигохи кахрборат.
Дил шикаста бенихоят, бар намегардам дигар. ... Давомаш »

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 471 | Навист: 985050789 | Руз: 08.09.2016 | Гапҳо(0)