Главная » 2015 » Декабрь » 21 » 985050789
18:35
985050789

Шаби тӯят дилам бемор гардид,
Гуле,ки дода буди хор гардид.
Ту бо ёри навинат даст ба гардан,
Дили танҳои ман бе ёр гардид.
Накарди қадри ишқи беқарорам,
Набурди аз дилам дарду ғуборам.
Бирафти аз барам оғӯши дигар,
Нагуфти,ки чӣ ҳол дорад нигорам.
Чаро ту бевафои карди эй гул,
Зи ёри худ ҷудои карди эй гул.
Даруни шишаи дил ҷой ниҳодам,
Шикастиву раҳои карди эй гул.
Чаро рафти дилам бо худ набурдӣ,
Дили худро ба дилдоре ту бурдӣ.
Ба мушт дар дил задам гуфтам,ки охир,
Чаро ту зиндаӣ ҳоло намурди.
Дили ман бе ту акнун дард дорад,
Куҷо он дил маро,ки мард дорад.
Зи танҳоӣ дили бечораи ман,
Ба худ ранги сафеду зард дорад.
Дили шоир бувад ҳамдарди дилҳо,
Дили шоир мисоли оби дарё.
Дили шоир мурад он рӯз,ки донед,
Намондаст як диле дар рӯи дунё.
Дили шоир бувад пурғам ҳамеша,
Ду чашмонаш зи ашк пурнам ҳамеша.
Ба дилҳои ғарибу ғамшикаста,
Дили шоир бувад ҳамдам ҳамеша.
Дили шоир бувад ошиқ ҳамеша,
Ба ишқу ошиқи содиқ ҳамеша.
Ҳазорон тири тӯҳмат дар сари ӯст,
Нигаҳдораш худаш Холиқ ҳамеша.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 439 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]