Главная » 2015 » Декабрь » 21

Бирав аз мо, ки мо сардем, гули зебо Худо ёрат,
Бирав аз мо, ки мо дардем, гули зебо Худо ёрат.
Насибу кисматам ин аст, агар чи ишк ширин аст,
Ки ёри чархи номардем, гули зебо Худо ёрат.
Набудам шамьи хомушат, гуломи халка бар гушат,
Бирав, ки сел овардем, гули зебо Худо ёрат.
Ту хам ишку вафо дори, умед аз ошно дори,
Бирав аз мо, гули зардем, гули зебо Худо ёрат

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 301 | Навист: 985050789 | Руз: 21.12.2015 | Гапҳо(0)

Эй дуст ба гайбатат маро паст мазан,
Гапхои баланду паст чун маст мазан.
Гар боши ту дуст, дуст тахкир макун,
Бар сурату бар сирати ман даст мазан.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 429 | Навист: 985050789 | Руз: 21.12.2015 | Гапҳо(0)

магуй ишку мухаббат кори мо нест.
Магуй дарди мухаббатро даво нест.
Магуй дунёи фони бевафо аст.
Вафодори факат дар байни мо нест.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 347 | Навист: 985050789 | Руз: 21.12.2015 | Гапҳо(0)

Мазан ханчар ба қалби дарднокам,
Ки бе ин хам фигору синачокам,
Маро ту мезани хар дам ба чоруб,
Барои ту магар ман гарди хокам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 376 | Навист: 985050789 | Руз: 21.12.2015 | Гапҳо(0)

Чаро охир азобам медихи ёр,
Диламро додаи бисёр озор.
Дар ин дунёи бе мехру мухаббат,
Ба гайри ту надорам ёри дигар.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 333 | Навист: 985050789 | Руз: 21.12.2015 | Гапҳо(0)

Бирафтиву ман аз ишкат бисузам.
Баёдат метапад ин дил ханузам.
Биё аз оташи хачрат рахо кун.
Вучудамро, зи сар то по насузам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 351 | Навист: 985050789 | Руз: 21.12.2015 | Гапҳо(0)

Бирав аз ман, чу ёби хубтарро,
Ба ишку ошики, махбубтарро.
Аникам хаст, он феъле, ки дори,
Биёби окибат аз ман бадтарро

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 317 | Навист: 985050789 | Руз: 21.12.2015 | Гапҳо(0)

Бирав аз ман, ки кадри ту баланд аст,
Лаби ту, ташнаи шахди дучанд аст.
Бирав аз ман, ки симу зар надорам,
Гадои ошики ту, нописанд аст.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 300 | Навист: 985050789 | Руз: 21.12.2015 | Гапҳо(0)

Шаби тӯят дилам бемор гардид,
Гуле,ки дода буди хор гардид.
Ту бо ёри навинат даст ба гардан,
Дили танҳои ман бе ёр гардид.
Накарди қадри ишқи беқарорам,
Набурди аз дилам дарду ғуборам.
Бирафти аз барам оғӯши дигар,
Нагуфти,ки чӣ ҳол дорад нигорам.
Чаро ту бевафои карди эй гул,
Зи ёри худ ҷудои карди эй гул.
Даруни шишаи дил ҷой ниҳодам,
Шикастиву раҳои карди эй гул.
Чаро рафти дилам бо худ набурдӣ,
Дили худро ба дилдоре ту бурдӣ.
Ба мушт дар дил задам гуфтам,ки охир,
Чаро ту зиндаӣ ҳоло намурди.
Дили ман бе ту акнун дард дорад,
Куҷо он дил маро,ки мард дорад.
Зи танҳоӣ дили бечораи ман,
Ба худ ранги сафеду зард дорад.
Дили шоир бувад ҳамдарди дилҳо,
Дили шоир мисоли оби дарё.
Дили шоир мурад он рӯз,ки дон ... Давомаш »

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 438 | Навист: 985050789 | Руз: 21.12.2015 | Гапҳо(0)