Главная » 2015 » Сентябрь » 30 » 985050789
07:15
985050789

Шаб туро бисёр ёдат мекунам,
Эй маҳи бедор ёдат мекунам.
Хандаҳои дилкашат пеши назар,
Ман туро такрор ёдат мекунам.
Гар накардӣ ёди ман як бор ҳам,
Лаҳзае сад бор ёдат мекунам.
Дидаам аз дидани ту сер нест,
Аз бари дидор ёдат мекунам.
Ту бароям дилбари деринаӣ,
Аз пареру пор ёдат мекунам.
Бегуноҳӣ нест ошиқ буданам,
То ба нангу ор ёдат мекунам.
Синаам ғарқи таманнноҳои туст,
Бо дили саршор ёдат мекунам.
Васфи ишқи ту намеғунҷад ба шеър,
Берун аз гуфтор ёдат мекунам.
Беқарор аз омаданҳои туям,
Бо ду чашми чор ёдат мекунам.
Ҷони ман, ин пургуноҳиям бубахш,
Гар туро бисёр ёдат мекунам.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 373 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]