Главная » 2015 » Сентябрь » 30

Кучо гардам зи пушти зар, ки рузе мемирам охир!
Кучо созам ба боло сар, ки рузе мемирам охир!
Гами ишку гами хичрон, чи суд аз ин чи суд аз он.
Чи суд аз нолаву авгон ки рузе мемирам охир!
Ало эй дусти ранчида ба чашми мехр нигохам кун?
Биё афъи гунохам кун, ки рузе мемирам охир

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 426 | Навист: 985050789 | Руз: 30.09.2015 | Гапҳо(0)

Шаб туро бисёр ёдат мекунам,
Эй маҳи бедор ёдат мекунам.
Хандаҳои дилкашат пеши назар,
Ман туро такрор ёдат мекунам.
Гар накардӣ ёди ман як бор ҳам,
Лаҳзае сад бор ёдат мекунам.
Дидаам аз дидани ту сер нест,
Аз бари дидор ёдат мекунам.
Ту бароям дилбари деринаӣ,
Аз пареру пор ёдат мекунам.
Бегуноҳӣ нест ошиқ буданам,
То ба нангу ор ёдат мекунам.
Синаам ғарқи таманнноҳои туст,
Бо дили саршор ёдат мекунам.
Васфи ишқи ту намеғунҷад ба шеър,
Берун аз гуфтор ёдат мекунам.
Беқарор аз омаданҳои туям,
Бо ду чашми чор ёдат мекунам.
Ҷони ман, ин пургуноҳиям бубахш,
Гар туро бисёр ёдат мекунам.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 372 | Навист: 985050789 | Руз: 30.09.2015 | Гапҳо(0)