Главная » 2012 » Декабрь » 8 » 985050789
06:33
985050789
Ҳайфи умри мард, агар дар бистари зан бигзарад,
Ҳайфи умри зан, агар бо оҳу шеван бигзарад.
Олимон дар базми май дасту гиребон мешаванд,
Ҳайфи он дониш, ки дар баҳси тую ман бигзарад.
Тарсуе тарсида аз пила ба пила по ниҳад,
Ҳайфи умре, ки фақат бо бими мурдан бигзарад.
Ҳайфи он кавдан, ки бошад тирамағзу тирадил,
Тира дида манзари дунёи равшан, бигзарад.
Ҳайфи он дасте, ки гирад аз гиребони падар,
Ғофил аз кайфияти дастобагардан бигзарад.
Ҳайфи он ошиқ, ки танҳо васл хоҳад, асл не,
Бехабар аз асли дил аз кӯчаи фан бигзарад.
Прикрепления: акс 1
Просмотров: 622 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]