Главная » 2012 » Декабрь » 08
Месӯхтам зи ишқи ту, сӯзам асар надошт,
Мемурдам аз нигоҳи ту, чашмат назар надошт.
Мехостам дили туро донам чу рози ғайб,
Мекостам зи дарди ту, ҳуснат хабар надошт.
Роҳи туро гирифта буд тӯфони ашки ман,
Аммо ғурурат аз раҳи тӯфон гузар надошт.
Аз сар гузашта будаму аз дил, ки дил ниҳӣ,
Аммо дилат ғами маро ҳаргиз ба сар надошт.
Уммеди субҳ эй басо шомам ба субҳ бурд,
Аммо умеди ишқи ту нури саҳар надошт.
Мерафтам аз паи туву аз ман асар набуд,
Медоштам вафои ту, аммо самар надошт.
Ман беназир мешудам дар шеъру шоирӣ,
Гар ҳусни беназири ту аз ман ҳазар надошт.
Чашми ту як ситораи тобони ишқ буд,
Дониста буд, ки ошиқи лоиқ дигар надошт.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 475 | Навист: 985050789 | Руз: 08.12.2012 | Гапҳо(0)

Онон,ки ба макри ишк ёрат шумаранд,
Махмур ба чашми пурхуморат нигаранд.
Магрур машав,ки мехрубонони дурушт,
Як гул бидиханду сад бахорат бибаранд
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 536 | Навист: 985050789 | Руз: 08.12.2012 | Гапҳо(0)

Дар огушам биё эй дилбари ман,
Навозиш кун дили гампарвари ман,
Вагарна дар суроги ишки шоир. 
Пушаймон мешави баъди сари ман
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 537 | Навист: 985050789 | Руз: 08.12.2012 | Гапҳо(0)

Кош як шаб дар канорат, сохиби дунё шавам,
Шаб дар огушат бимирам, субхдам эхё шавам.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 513 | Навист: 985050789 | Руз: 08.12.2012 | Гапҳо(0)

Ҳайфи умри мард, агар дар бистари зан бигзарад,
Ҳайфи умри зан, агар бо оҳу шеван бигзарад.
Олимон дар базми май дасту гиребон мешаванд,
Ҳайфи он дониш, ки дар баҳси тую ман бигзарад.
Тарсуе тарсида аз пила ба пила по ниҳад,
Ҳайфи умре, ки фақат бо бими мурдан бигзарад.
Ҳайфи он кавдан, ки бошад тирамағзу тирадил,
Тира дида манзари дунёи равшан, бигзарад.
Ҳайфи он дасте, ки гирад аз гиребони падар,
Ғофил аз кайфияти дастобагардан бигзарад.
Ҳайфи он ошиқ, ки танҳо васл хоҳад, асл не,
Бехабар аз асли дил аз кӯчаи фан бигзарад.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 621 | Навист: 985050789 | Руз: 08.12.2012 | Гапҳо(0)