Главная » 2017 » Июль » 07

Мухаббат ишк хам руё, ба он бовар макун асло.
Махур харгиз фиреби он, мухаббат нест дар ин дунё.
Хазорон ошикон дидам, сухан аз ишк бишнидам,
Вале бисёр санчидам,мухаббат нест дар ин дунё.

Хонданд: 243 | Навист: 985050789 | Руз: 07.07.2017 | Гапҳо(0)

Гиря кардам нола кардам ашки хунборам надиди,
Аз гамат озурда гаштам холи афгорам надиди.
Шеър гуфтам шеър хондам шеърборон кардамат,
Ту вале ашки хунину ашки ашъорам надиди.
Сухт бирён шуд бупечид дуди охам бар фалак,
Ох боре дуди талхи ин дили зорам надиди.
З-аввали шаб, то сахаргах будам аз дардат хазин,
Холи нотобу хазину ин дили зорам надиди.
Гамгин аз онам, ки боре мехрубоният надидам,
Хуррам аз онам, ки боре чабру озорам надиди.

Хонданд: 273 | Навист: 985050789 | Руз: 07.07.2017 | Гапҳо(0)

Хар шаб зи гамат зи худ бурун хохам хуфт.
Бочашми наму бо дили хун хохам хуфт,
Бовар накуни шабе хайолат бифирист,
Як бор бубини ки бе ту чун хохам хуфт.

Хонданд: 270 | Навист: 985050789 | Руз: 07.07.2017 | Гапҳо(0)

Даруни хонаи дил макони ишқбозон аст,
Тамоми руҳу ҷони ман ба ёди зулфи ҷонон аст.
Яке дил ишқ мегуяд, яке танҳои меҷуяд,
На ман фармонравои дил, маро лек ӯ ба фармон аст.
Чи хушбахтӣ, чи бадбахтӣ, чи нокомист рохи ишк,
Чи доруи давобахше тамоми дардро дармон аст.
Зи сузи ишқ шаб гирям, сахар бо ишқ бархезам,
Чи созам бо дили ошиқ дарунаш пур зи армон аст .
Ҳама гӯянд эй Амриддин машав ошиқ, зи ишқ баркан,
Нахоҳам кард хилофи аҳд маро бо ишқ паймон аст.

Хонданд: 251 | Навист: 985050789 | Руз: 07.07.2017 | Гапҳо(0)

Ман бинолам аз ғами ишқ ту биноли аз ғами ман.
Ман бигуям рози дил ту нависи алами ман.
Гар чи гуфтам рози дил ёр кард майли ҷудои.
Ҳамчу Мачнун туро ҷустам гуфтам Лайли куҷои.

Хонданд: 218 | Навист: 985050789 | Руз: 07.07.2017 | Гапҳо(0)

Эй қалам нома кунам бо ашки ту фиғон макун.
Бо мисраҳои хунинат ту маро гирён макун.
Эй қалам гар бисузад бо ашки ту руи варақ.
Бо ашки сузони худ дили ман бирён макун.

Хонданд: 299 | Навист: 985050789 | Руз: 07.07.2017 | Гапҳо(0)

Эй қалам ашк бирез руи китоб пур кун.
То кунам рози дил дарди дилам дур кун.
Эй қалам сад нома кун аз ашки сузони худ.
Ё уро бар ман расон ё чашми дилам кур кун.

Хонданд: 271 | Навист: 985050789 | Руз: 07.07.2017 | Гапҳо(0)