Главная » 2020 » Ноябрь » 5 » 985050789
08:33
985050789

Модарам гуфт маро рӯзе ба ҳангоми  саҳар,
Мард бош, эй писарам, ҳаст маро вақти сафар.
Гуфтамаш ман чи кунам, аз чи парешон шудаӣ?

Гуфт  ӯ ин ҳама  ҳасрат зи қазо ҳасту қадар.
Модрам як на ба ман, баҳри ҳама буд ғамхор,
Идимо ном варо, Марзия мегуфт падар.
Чун падар марди сахӣ буд ба ҳама хурду калон,
Ҳама фарзанд будаш доимо дар зери назар.
Буда умре падару модари ман бо ҳам дӯст,
Ҳарду як хислату одат шуда чун шамсу қамар.
Карда як рӯз сару ҷамъ чу пайвандонро,
Раҳбари фарзандон, гуфт, ту мебош дигар.

Просмотров: 638 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]