Главная » 2019 » Сентябрь » 23 » 985050789
17:34
985050789

Шаби туят бароям карди тилфон, 
Шунидам, ки садоят пасту ларзон. 
Чӣ шуд бар ту чӣ кор карди чони ман? 
Ҳақиқатро ман аз ту карда пурсон. 
Вале бар ман намедодӣ ҷавобе, 
Зи дарду ғусса мекардӣ ту гирëн. 
Ба овози баланд кардам садоят, 
Сабаб чисту чаро гирëни эй ҷон? 
Ту гуфти, ки ман имшаб тӯй дорам, 
Ва гӯë, ки будӣ беҳад ҳаросон. 
Чи гуфтӣ гуфтамат эй ҷони ширин? 
Аз ин ҳарфат дили ман гашт ҳайрон. 
Ба ту гуфтам хиëнат мекуниям? 
Куҷо рафтанд ҳама он аҳду паймон? 
Валекин дар ҷавоб гуфтӣ,ки Амриддин.
Ту даргоҳи диламро ҳастӣ султон. 
Барои ман дуо кун дар намозат, 
Ки ман ҳаргиз нагардам хонавайрон. 
Худовандо диҳад бахти сафедат, 
Бигуфтам бо дили бетобу сӯзон. 
Надоштам тоққати дарди туро ман, 
Ки дар қалби ту буд сад гуна армон. 
Дилат мехост канори ман бимонӣ, 
Ва умре ҳарду бошем чеҳрахандон. 
Ба ман гуфтӣ, ки худро гир бар даст, 
Паноҳамро супурдӣ бар Худоҷон. 
Ту, ки кушти телефонрову ногаҳ, 
Яке дардам бишуд садҳо ҳазорон. 
Чизе дарди маро таскин набахшид, 
Фақат васли ту буд дардамро дармон. 
Ҳамон шаб то саҳар афғон намудам, 
Ки ëрамро баранд фардо рақибон. 
Наовардам ба дарди ту дигар тоб, 
Ба сар омад ба ногаҳ роҳи осон. 
Гирифтам банд рафтам сӯйи оғил, 
Намудам аз алам худро овезон. 
Ба гӯши ман расид, ки модарам гуфт: 
Зи хобат хез офтоб шуд намоëн. 
Хуллас, ки ин ҳама буд дар шаби хоб, 
Бинед ман зиндаам эй ëру дӯстон.

Просмотров: 355 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]